Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд

Шанбеи 27 август назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ чун дигар рӯзҳои истироҳатӣ серодам буд.

Мардум аз гӯшаву канори Хуҷанд ва атрофи он барои харидории маҳсулоти ғизоӣ ба ярмарка омада, маводи зарурии худро харидорӣ карданд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ чун анъана бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда ва танзими онҳо, мунтазам ташкил намудани ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд