26 августи соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.
Дар машварат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини Раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳ ва донишкадаҳои олии вилоят, директорони коллеҷҳо, мудирони шӯъбаҳои маориф, адибон, собиқадорони соҳаи маориф, директорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар машварати августии омӯзгорон таъкид кард, ки дар арафаи Рӯзи дониш ва солгарди ҷашни бузурги миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидани ҳамоиш басо рамзӣ мебошад.
Зеро, маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон соҳаи маориф самти афзалиятнок ва ҳаётан муҳими сиёсати иҷтимоӣ эълон гардид ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ин соҳа тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят дар чунин муҳит ва шароите доир мегардад, ки раванди бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз вусъати тоза мегирад.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илму маорифро вазифадор намуда, таъкид доштаанд, ки “Баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Дар ин радиф, таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба соҳаи маориф хоса мебошад,- иброз дошт роҳбари вилоят.
Таъкид гардид, ки дар инкишофи илму маърифат муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ нақши муҳим доранд. Алҳол дар вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 21 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии зиёда аз 70 ҳазор донишҷӯён фаъолият мебаранд. Дар ин муассисаҳо 4 ҳазору 14 нафар устодон, аз онҳо 105 нафар профессору доктори илм ва 831 нафар номзади илм аз рӯи 120 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд.
Дастовардҳои донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас буда, соли ҷорӣ 15 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ, 170 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 141 нафар ғолиби озмунҳои вилоятӣ гардида, шарафи вилоят ва кишвари худро ҳимоя намуданд.
Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят се муассисаи таълимӣ – филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон” ва Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ” таъсис ёфт.
Соли таҳсили 2021-2022 дар вилоят 944 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 579 ҳазору 504 нафар, аз ҷумла 283 ҳазору 544 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки нисбати соли таҳсили 2020-2021 6 муассисаи таълимӣ ва шумораи хонандагон 14 ҳазору 273 нафар зиёд мебошад. Ба ин теъдоди хонандагон 39 ҳазору 523 нафар омӯзгорон таълим доданд. Тайи солҳои Истиқлолият теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят аз 740 то ба 944 адад, шумораи хонандагони муассисаҳо аз 409,6 то ба 579,5 ҳазор нафар ва омӯзгорони мактабҳо аз 30,7 то ба 39,5 ҳазор нафар афзудааст.
Ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати мактабу маориф боис гардид, ки дастовардҳои соҳа афзуда истодааст. Хонандагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо аз фанҳои таълимӣ сазовори 672 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 84 ҷойи якум, 171 ҷойи дуюм ва 417 ҷойи сеюм гардиданд, ки ин нишондиҳандаи дуюм дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамзамон, то имрӯз 4 ҳазору 951 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавии кишварҳои Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Олмон, Штатҳои Мутаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Итолиё, Хитой ва Федератсияи Россия иштирок намуда, 972 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ва омӯзгорони онҳо, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети вилоят 414 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Раиси вилоят инчунин афзуд, ки бунёд, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ аз масъалаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб меравад. Соли 2021 ва дар ҳафт моҳи соли 2022 дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 72 иншоотҳои соҳаи маориф барои 17 ҳазору 674 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Дар соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон бо барқарорсозии 11 иншоотҳо ва аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 31 иншоотҳои соҳаи маориф ба нақша гирифта шудаанд. Алҳол дар 25 иншоотҳои соҳаи маориф барои 5 ҳазору 340 ҷои нишаст корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаи маориф барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор, таъмиру навсозии иншооти соҳа, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, фарзандони оилаҳои ниёзманд, бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳо дод.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки маорифчиёни вилоят дар партави ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фардои неку ободи Ватан нақшаву барномаҳои давлатиро сари вақт иҷро менамоянд.
Дар кори машварат ҳамзамон Вазири маориф ва илми мамлакат Саидзода Раҳим Ҳамро ва чанде аз кормандони соҳаи маорифи вилоят сухан гуфта, таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия баён намуданд.
Сипас, барои дастовардҳои арзанда дар соҳаи маориф, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватанпарварӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 нафар кормандони соҳа бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ 8 нафар омӯзгорон бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.
Инчунин директороне, ки давоми сол бо ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ба тариқи ҳашар, бинои нави муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд намудаанд, хавасманд гардонида шуданд.
Аз ҷумла, ба Мамасодиқова Зулхумор-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-уми шаҳри Конибодом 10000 сомонӣ, Маҳмудов Мирзосаид-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-уми ноҳияи Ашт 5000 сомонӣ, Амонов Абдуҷаббор-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-уми шаҳри Истаравшан 5000 сомонӣ, Муллобобоев Фаёз-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-уми ноҳияи Ҷ.Расулов 5000 сомонӣ, Юсупов Саидҷон-директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-уми шаҳри Истаравшан 3000 сомонӣ, Мирдадоев Мирбоқӣ-директори Гимназияи №1-и ноҳияи Ҷ.Расулов 3000 сомонӣ супорида шуд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 24 августи соли 2022, № 322 «Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии хонандагон, омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимии вилоят» муассисаҳои таълимии зерини вилоят, ки хонандагонашон дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ ба гирифтани бештари ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, бо мукофотпулии яквақта сарфароз гардонида шуданд:
Литсейи №5-и шаҳри Исфара барои 33 ҷойҳои фахрӣ дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо 7000 сомонӣ (директори литсей Шарофидинова Маърифат);
Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Бӯстон барои 28 ҷойҳои фахрӣ дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо 5000 сомонӣ (директори муассиса Рустамова Замира);
Литсейи физикӣ-математикии ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд барои 27 ҷойҳои фахрӣ дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо 3000 сомонӣ (директори литсей Азимова Моҳира).
Ҳамзамон омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимии вилоят барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, хизмати шоиста дар соҳаи маориф ва ғолиб гардидани шогирдонашон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулии яквақта қадрдонӣ гардиданд. Ачилов Ҳусейн-омӯзгори Литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд 10000 сомоеӣ, Бобоҷонов Ҷӯрабой-омӯзгори Литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд 10000 сомонӣ, Иброҳимов Мӯминҷон-омӯзгори Литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд 10000 сомонӣ, Ёдгорова Соро-омӯзгори гимназияи №2-и ноҳияи Б. Ғафуров 10000 сомонӣ, Расулова Мушарраф-омӯзгори гимназияи №1-и ноҳияиБ. Ғафуров 10000 сомонӣ, Хӯҷаев Суруш-омӯзгори МТД «Литсей барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд 10000 сомонӣ, Абдушукурова Сайёра-омӯзгори МТМУ №2-и ноҳияи Спитамен 5000 сомонӣ, Абдувалиева Наргис-омӯзгори МТД «Мактаби Президентӣ»-и шаҳри Бӯстон 5000 сомонӣ, Ачилов Ҳасан-омӯзгори МТД «Мактаб барои хонандагони болаёқати» ноҳияи Б. Ғафуров 5000 сомонӣ, Иброҳимова Насибахон-омӯзгори Литсейи №5-и шаҳри Исфара 5000 сомонӣ, Холиқов Олим-омӯзгори Литсейи №1-и шаҳри Исфара 5000 сомонӣ, Юнусова Моҳира-омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Спитамен 5000 сомонӣ, Узоқова Гулбаҳор-омӯзгори Литсейи №5-и шаҳри Исфара 5000 сомонӣ, Азизова Мунира-омӯзгори МТҒ «Гимназияи Сафина»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2000 сомонӣ, Зарипов Муҳаммадҷон-омӯзгори МТҒ «Литсейи Рустамов-и шаҳри Хуҷанд 2000 сомонӣ, Зоиров Зоирҷон-омӯзгори Литсейи №1-и шаҳри Исфара 2000 сомонӣ, Орифов Обидомӯзгори МТҒ «О.Ҷӯраев»-и шаҳри Конибодом 2000 сомонӣ, Обиди Мансур-омӯзгори Литсейи №1-и ноҳияи Спитамен 2000 сомонӣ, Одилзода Нуралӣ-омӯзгори МТМУ №4-и ноҳияи Мастчоҳ 2000 сомонӣ, Умарзода Дилафрӯз-омӯзгори Литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд 2000 сомонӣ, Ғаниева Мавлуда-омӯзгори МТҒ «Пӯлотов»-и шаҳри Хуҷанд 2000 сомонӣ, Сангинова Шаҳноза-омӯзгори МТМУ №6-и шаҳри Исфара 2000 сомонӣ, Ҷӯраева Нигора-омӯзгори Литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд 2000 сомонӣ, Қурбонов Нодирхон-омӯзгори МТД «Мактаби Президентӣ»-и шаҳри Бӯстон 2000 сомонӣ, Ҷӯраев Парвиз-омӯзгори МТҒ «О.Ҷӯраев»-и шаҳри Конибодом 2000 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд