Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии «Истиқлол»-и шаҳри Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Азназаргузаронӣ: 166

11  август дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар масоҳати қариб 5 гектар бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд бо тарҳи муосир, унсурҳои шаҳрсозии миллӣ ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар боғи истироҳатию фароғатӣ моҳи марти соли 2021 оғоз ёфта, боғ дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланд бунёд гардид. Зимни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, дарахтони ороишӣ, гулҳои доимӣ ва мавсимӣ шинонда шудаанд.

Бо мақсади зебову назаррабо гардондани боғи фарҳангӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидаанд. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гардидаанд, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Конибодом дар ин макон истироҳат менамоянд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст.

Дар дохили боғи нав нишастгоҳҳо ва суҳбаткадаҳои замонавӣ насб гардидаанд. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон ва дар маҷмӯъ кулли сокинони шаҳри Конибодом дар боғи навбунёду замонавӣ истироҳату фароғат намоянд.