Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Истаравшан Плаза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз таҳхона ва 13 ошёна иборат буда, дар доираи ҷашнҳои миллӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эшонов Аскар бо харҷи 8 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино мағоза ва маркази хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ва сеюм меҳмонхона иборат аз 16 ҳуҷра, аз ошёнаи 4 то 13-ум 36 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрадор ҷойгир буда, иншоот дар майдони 0,9 гектар сохта шудааст.

Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” бо тарҳу намои зебо ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ба истифода супоридани Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” иқдоми наҷибона ва талошҳои соҳибкоронро баҳри татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат арзёбӣ карда, ба сифати корҳои анҷомёфта ва ободу зебо гардонидани як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳои баланд доданд.

Пас аз ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 110 нафар ятим, ки 89 нафараш хонандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ва 21 нафари дигар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, мулоқот карданд.

Дар ин рӯз ятимони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, ба онҳо сару либоси мактабӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Дар идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар шароити муосир ба таълиму тарбия фаро гирифтани ятимон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан сохтмони бинои иловагии мактаб-интернатро барои 120 хонанда оғоз намуд.

Тибқи лоиҳа, иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои хобгоҳи бачагона, духтарона, китобхона, синфхонаҳои фаннӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.