Таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Рўзи десантчиёни тоҷик

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми ҳарбии 01972-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи десантчиён табрик намуд.

Раиси вилоятро командири  қисми ҳарбӣ генерал-майор Маҳмадзода Ҷамшед, мушовири Вазири мудофиа генерал-майор Қосимов Аъзам ва комиссари ҳарбии вилоят полковник Мирзозода Давлатшо пешвоз гирифтанд ва сипас командири қисми ҳарбӣ полковник Сафарзода Ф. оид ба омодагӣ ба таҷлили Р=зи десантчиён гузориш дод.

Раиси вилоят 25-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи десантчиёнро ба афсарону сарбозон табрик гуфта, барои адои хизмати ҳарбӣ дар ин мактаби мардонагӣ ва шуҷоат ба хизматчиёни ҳарбӣ сарбаландӣ ва пирӯзиҳои бузургро орзу кард.

Таъкид гардид, ки Артиши миллӣ таҳти сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи қариб  30  соли мавҷудияти худ инкишоф ёфта, барои ҳайати шахсӣ шароитҳои хуби хизматӣ  ва фароғатӣ фароҳам оварда шудааст.

Баталиони алоҳидаи десантии  ҳамлаовари куҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар ҳайати ҷузъу томҳои Қӯшунҳои Хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мебошад.

Десантчиёни тоҷик, амалан дар задухӯрдҳо бо гурӯҳҳои  зиддиҳукуматӣ собит сохтанд, ки ҳайати шахсии баталион  баҳри муҳофизати  Ватан ҳамеша омода буда, дар шароитҳои вазнин, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ маҳорати баланди касбӣ, малакаю дониши муккамал, далерию қаҳрамонӣ  нишон додаанд ва баҳри ҳифзи Истиқлолияти тоҷикистон ҷони азизи худро дареғ намедоранд.

Қобили тазаккур аст, ки баталион  бо ин мақсад, аз соли ташкилшавӣ то имрӯз дар машқҳои муштарак бо аскарону афсарони давлатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон Ҷумҳурии халқии Хитой, Покистон, Белоруссия Ҳиндустон ва ғайра фаъолона иштирок карда, сазовори баҳои баланд шудаанд.

Ҳайати  шахсии Баталиони десантӣ чунин машғулиятҳоро пайваста ба роҳ  мемонанд ва таҷрибаи зиёд доранд. Азбаски 93 фисади ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, баланд бардоштани омодагии ҷангии кӯҳӣ, яке аз вазифаҳои асосии десантчиён баҳисоб меравад

Сипас, аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбӣ амалҳои тактикии махсус намоиш дода шуда, гузашти низомӣ сурат гирифт ва ба як қатор афсарону сарбозон Сипосномаи ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд