Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Азназаргузаронӣ: 308

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини фаровонии дастархони мардум ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид.

Ярмарка бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил карда шуда, дар он кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва корхонаҳои саноатӣ маводи озуқавориро ба фурӯш бароварданд.

Дар ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ маҳсулоти зарурии рӯзғор пешниҳод гардид ва роҳбари вилоят аз растаҳои гуногуни маҳсулот боздид карда, барои танзими нархи маҳсулот ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1.jpg 2.jpg 3.jpg

4.jpg 5.jpg 6.jpg

7.jpg 8.jpg 9-1.jpg

9-2.jpg