Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади таъмини дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифату нисбатан арзон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид намуда, иброз дошт, ки ташкили ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, чунин иқдомҳо минбаъд низ амалӣ карда мешавад.

Дар ярмарка орд, шакар,  гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, полезиҳо, меваҷот, шириниҳо, нон ва ғайраҳо бо нархҳои то 30 дарсад арзон пешниҳоди сокинон гардонида шуд.

Ёдовар мешавем,  ки бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ аз оғози сол то имрӯз беш аз 25 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, ба миқдори 3100,2 тонна маҳсулот, аз ҷумла 480,3 тонна орд, 96,9 тонна равғани растанӣ, 151,7 тонна гӯшти чорвою паранда, 122,1 тонна шакар, 114,0 тонна биринҷ, 756,3 тонна картошка, 285,9 тонна сабзӣ, 429,8 тонна бехпиёз, 771,7 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд