Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд - 12.06.2021 18:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани растании ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд - 12.06.2021 10:44
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли ғалла — ҶДММ «Хубҷамъ-Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд - 12.06.2021 10:31
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд - 12.06.2021 10:29
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 12.06.2021 09:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд - 12.06.2021 08:50
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 11.06.2021 17:41
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд - 11.06.2021 13:16
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» боздид ба амал оварданд - 11.06.2021 12:54
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиëев аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд - 11.06.2021 12:31

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд

( 0 Овоз )

Нуҳ объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ин обеъектҳо, аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қайроққум» аз ҷониби ЮНЕСКО аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шудааст.

Ин ёдгориҳо солҳои зиёд аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд.

Аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинавии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида, ба идораи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанги ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуданд.

Ба гуфти ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов, «дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта ва эътироф шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик кори саҳлу сода ва амри тасодуфӣ нест. Ин дарвоқеъ эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, соҳиби таърихи зиёда аз 5500-сола ва шаҳрсозу давлатдор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад».

Мавсуф зикр намуд, ки то имрӯз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоту идораҳои дахлдори соҳавӣ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Бояд гуфт, ки дар долонҳои хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии «Абрешим», ки тавассути мамлакати мо мегузаранд, объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, ба  долони «Зарафшон-Қайроққум» 9 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ шомил мешаванд. Корҳои мукаммалгардонии номинаҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён доранд. Инчунин барои тармиму барқарорнамоӣ, ба талаботи ЮНЕСКО ҷавобгӯ намудани объектҳои таърихию фарҳангӣ ва ба Феҳристи асосӣ шомил намудани ин ёдгориҳо вазорату идораҳои ваколатдор тибқи барномаҳои давлатӣ ва дигар супоришҳои дахлдор корҳои назаррас ба анҷом расонида истодаанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нуҳ объекти таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд