Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» - 30.11.2020 14:30
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 28.11.2020 09:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот намуданд - 26.11.2020 11:58
Дар Истаравшан бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 мавриди истифода қарор гирифт - 26.11.2020 11:37
Оғози маъракаи иттилоотии «16 рӯз мубориза алайҳи хушунат» - 26.11.2020 11:31
Дар Ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд - 26.11.2020 11:10
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд - 25.11.2020 10:42
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2020 16:11
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон - 24.11.2020 13:56
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчам дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 24.11.2020 14:53

Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид

( 0 Овоз )

14 октябри соли 2020 Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар зер Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020″ оварда мешавад:

ҚАРОРИ
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ
ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мувофиқи моддаҳои 12 ва 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қ а р о р   м е к у н а д:

  1. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 бо иштироки 4 миллиону 238 ҳазору 839 интихобкунанда, ки 85,44% шумораи умумии интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилкардашударо ташкил медиҳад, баргузоршуда дониста шавад.
  2. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи овозҳои ба “тарафдорӣ” ва шумораи овозҳои “зид”-и ҳар як номзад додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи ниҳоии онро бо чунин нишондиҳандаҳо тасдиқ менамояд:

Абдуллоев Мироҷ Санонович –“тарафдор” 49 535 нафар (1,17%);

Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ –“тарафдор” 63 082 нафар (1,49%);

Латифзода Рустам Барот – “тарафдор” 128 182 нафар (3,02%);

Раҳматзода Рустам – “тарафдор”  90 918 нафар (2,14%);

Эмомалӣ Раҳмон – “тарафдор” 3 миллиону 853 ҳазору 987 нафар (90,92%).

  1. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот бо гирифтани 3 миллиону 853 ҳазору 987 овози интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, ки 90,92%-ро ташкил медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида шавад.
  2. Ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

 

Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Б. Худоёрзода

 

Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Н. Самадзода

 

ш. Душанбе, 14 октябри соли 2020,

№ 152

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид