Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Идомаи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Истаравшан

( 1 Овоз )

Идомаи қабули шаҳрвандон дар шаҳри ИстаравшанВидео :Идомаи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Истаравшан
Қабули шаҳрвандони ҷамоату деҳоти шаҳри Истаравшан санаи 18-уми апрел низ идома ёфт.

Тавре иттилоъ дода будем, дар рӯзи нахусти қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона » дар ҷамоати деҳоти Гули Сурх наздик 100 нафар сокинон бо масоили гуногун ба масъулини сохторҳои марбутаи вилоятӣ муроҷиат намуда буданд.

Дар идомаи қабули шаҳрвандон, ки  дар толори мактаби таҳсилоти умумии рақами 33-юми ҷамоати деҳоти Пошкент санаи 18-уми апрел баргузор гардид, 91 нафар сокинони ҷамоати  деҳоти Пошкент, Зарҳалол, Қалъачаи Баланд, Ҷавкандак ва Чорбоғи шаҳри Истаравшан бо 109 масъала ба роҳбарони шӯъбаву сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат карданд.

Ҷудо кардани замин барои сохтмони мактаб ва коргоҳҳои хурд, таъминот бо оби полезӣ ва ошомиданӣ, кам будани ҳаҷми нафақа, таъмир ва сохтмони бинои мактаб, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъминот бо ҷои корӣ, расонидани кӯмаки моддӣ, рушду нумӯи варзиш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҷумлаи масоилест, ки шаҳрвандон дар рӯзи дуввуми қабул иброз намудаанд.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед. Видео :Идомаи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Истаравшан Идомаи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Истаравшан

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Идомаи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Истаравшан