Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар шаҳри Истаравшан

( 1 Овоз )

Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар шаҳри Истаравшан

Видео :Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар шаҳри Истаравшан
Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар шаҳри Истаравшан оғоз ёфт.

Имрӯз, 17-уми апрел  бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, мудирони шӯъбаю сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораю ташкилотҳои марбута қабули шаҳрвандон бо усули  «Равзанаи ягона»  дар ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан сурат гирифт.

Қабули шаҳрвандон дар толори маҷмаи фароғатии «Муҳаббат»-и ҷамоати деҳоти Гули Сурх оғоз шуд ва наздик 100 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Гули Сурх, Нофароҷ, Ниҷонӣ, Қалъачаи Калон ва Сабристон бо 106 масъала  ба роҳбарону масъулони шӯъбаву сохторҳои мақомоти дахлдори вилоятӣ муроҷиат намуданд.

Дархост ва арзу шикояти бештари сокинон перомуни масоили  тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, таъмир ва сохтмони бинои истиқоматӣ, таваҷҷӯҳ ба рушди маориф, таъминот бо ҷои кор ва мусоидат ба сохтани коргоҳҳои нави истеҳсолӣ буданд.

Худи ҳамин рӯз бо дархости эҳтиёҷмандон ба 40 нафар сокинони шаҳри Истаравшан аробачаҳои маъюбӣ   дастрас карда шуд.

Бояд гуфт, ки бо супориши Раиси вилоят Қоҳир Расулзода роҳбарияти шӯъбаву сохторҳои вилоятӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки  дар муроҷиати шаҳрвандон ифода ёфтааст, парвандаи назоратӣ тартиб дода, ҳалли масъалаҳоро зери назорат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона»  дар ҷамоату деҳоти шаҳри Истаравшан рӯзи панҷшанбеи 18-уми апрел низ идома меёбад.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед. Видео :Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар шаҳри Истаравшан

Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар шаҳри Истаравшан Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар шаҳри Истаравшан

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» дар шаҳри Истаравшан