Сафари серӯзаи намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ҷаноби Си Си Йу ба вилояти Суғд ба анҷом расид.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ҷаноби Си Си Йуро ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва густариши онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳои босамари Тоҷикистонро бо Бонки рушди Осиё ёдовар шуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо перомуни рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, имкониятҳои содиротии мавҷуда дар самти меваи хушк, инкишофи соҳибкории хусусӣ, солимгардонии системаи обу обёрии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Зафаробод, амалишавии лоиҳаи таъминоти барқи ноҳияи Ашт сухан ронданд.
Ёдовар мешавем, ки намояндаи Бонки рушди Осиё ҷаноби Си Си Йу дар таърихи 14-16 апрел, тӯли се рӯз дар вилояти Суғд қарор дошт. Дар ҷараёни сафари хеш ба шимоли кишвар Си Си Йу аз Қасри Арбоб, минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», Осорхонаи вилоятӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» дидан карда, аз истиқболи гарми мизбонон изҳори миннатдорӣ намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд