Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

Санаи 15-уми апрел дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум баргузор шуд.

Баъди садо додани Суруди миллӣ, бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қоҳир Расулзода вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят рӯзномаи иҷлосияро иборат аз ҳашт банд тасдиқ ва ҳайати котиботи иҷлосияро интихоб карданд.

Аз рӯи масъалаи якум - оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» дар вилоят ва вазифаҳои таъхирнопазири мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи амалии он дар маҳаллаҳо, муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов маърӯза кард.

Ҳамзамон, омӯзиши татбиқи Қонун нишон дод, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо камбудиву норасоиҳо якранг буда, он бо сабаби аз наздик огоҳ набудани масъулон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба вуқӯъ пайвастааст. Сабаби дигар он аст, ки раисони кумитаи маҳаллаҳо шароити мусоди корӣ ва ҳавасмандии воқеӣ надоранд – таъкид дошт муовини аввали Раиси вилоят  Ҷумъабой Сангинов.Зикр гардид, ки алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1419 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият доранд. Вале танҳо 18 кумитаи маҳаллаҳо дорои шароити мусоиди фаъолият мебошанд.

Ҳамчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ин бобат шунида шуд ва аз рӯи ин масъалаи мазкур  музокирот сурат гирифт.

Вакилон инчунин, Карори Раиси вилояти Суғд аз 29-уми марти соли 2013, № 70 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2013»-ро тасдиқ намуданд. Мувофиқи Қарори мазкур буҷети иловагии вилоятӣ бо маблағи умумии 10 миллион сомонӣ барои хароҷоти соҳаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш пешбинӣ шудааст.Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаҳои интихоботии «Камоли Хуҷандӣ», № 4 Муяссар Раҳимова ва «Истаравшан», № 32 Фаёз Султонов оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиашон ҳисобот доданд. Ин вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят вазифадор шуданд, ки доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарпарсатӣ ва дастгирии оилаҳои камбизоат, маъюбу бепарастор тадбирҳо амалӣ намуда, густариши минбаъдаи корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати тарбияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва созандагиву бунёдкорӣ дар байни ҷомеа таъмин намоянд.

Вакилон дар бораи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ низ қарор қабул намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти иҷлосия  қарорҳои Раиси вилоятро аз 25-уми декабри соли 2012 то 15-уми апрели соли 2013 вобаста ба ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ барои пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, иҷрои корҳои ободониву кабудизоркунӣ, сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмири иншоотҳои соҳаҳои буҷетӣ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард ва чанде дигар тасдиқ карданд.Баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти СуғдБаргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд