Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Оғози мавсими оммавии варзиш дар Суғд

( 4 Овоз )

Оғози мавсими оммавии варзиш дар СуғдВидео :Оғози мавсими оммавии варзиш дар Суғд
Беш аз 15 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун субҳи имрӯз мавсими оммавии варзишро дар иншоотҳои мухталифи варзишии шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар муассиса, майдонҳо ва толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии назди биноҳои баландошёнаи  шаҳри Хуҷанд ва донишгоҳу донишкадаҳо бо иштироки дастаҷамъонаи ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилотҳо, идораҳо, ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва сокинон мусобиқаву машқҳои варзишӣ баргузор гардиданд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, ки барои машқи варзишӣ ба варзишгоҳи «20 –солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» омада буд,  иброз дошт, ки ин маъракаи муҳим бо мақсади рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби тарбияи насли солим баргузор мешавад ва бояд ба фарҳанги зиндагии  замонавии мо табдил ёбад.

Ӯ изҳор дошт, ки барои рушди соҳаи варзиш мо дар мамлакат имконияту захираҳои зарурӣ дорем ва бояд аз онҳо оқилонаву мақсаднок истифода намоем ва аҳолиро ҳарчӣ бештар бо варзиш фаро гирем.

"Дар давоми ду соли охир бо харҷи беш аз ҳаштод миллион сомонӣ 316 иншооти варзишӣ, аз ҷумла  2 маҷмааи варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 31 толори варзишӣ, 40 майдончаи варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 236 иншооти дигари варзишии хурду бузург ба истифода дода шудааст. Вазъияти имрӯза аз  варзишгарон, мураббиён, кормандони соҳа ва кулли масъулон талаб менамояд, ки ба масъалаи пешбурди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҳамарӯза таваҷҷӯҳ зоҳир намоем ва дар ин самти фаъолият ба муваффақият ноил гардем" зикр намуд, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода.

Раиси вилоят ҳамзамон сокинонро ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи он байни қишрҳои гуногуни ҷомеа даъват намуд ва чорабинии имрӯзаро қадами ҷиддие дар татбиқи вазифаҳои гузошташуда арзёбӣ кард.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед. Видео :Оғози мавсими оммавии варзиш дар Суғд
Оғози мавсими оммавии варзиш дар СуғдОғози мавсими оммавии варзиш дар СуғдОғози мавсими оммавии варзиш дар СуғдОғози мавсими оммавии варзиш дар Суғд

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози мавсими оммавии варзиш дар Суғд