Хабарҳо
Бар асари фаромадани ярч дар ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд - 18.05.2021 16:34
Миёни КВД «Садаф», Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд - 18.05.2021 16:27
Оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла - 18.05.2021 09:30
Бахшида ба 80-солагии Лоиқ Шералӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши илмию адабӣ доир гардид - 17.05.2021 12:28
Дар Душанбе ва Хуҷанд Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи «Таҳсилот дар Россия. Тоҷикистон-2021» доир мешавад - 17.05.2021 11:28
Ҳамоиши адабӣ - фарҳангӣ таҳти унвони "Ҷойгоҳи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ" доир шуд - 17.05.2021 11:29
Дар Душанбе Рўзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид - 17.05.2021 11:25
Баргузории Дави миллӣ дар Суғд - 16.05.2021 11:10
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ашт - 15.05.2021 11:17
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44

Мулоқот бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркуҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара

( 0 Овоз )

Рӯзи 2 май Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркуҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар оғози мулоқот аз ҳодисаҳои охир, ки дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи муноқишаҳо гирифта шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон борҳо мулоқоту музокирот намуда, дар рафти гуфтушунидҳо масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламрави сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.

1 майи соли равон бошад дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташкил ва зимни баррасии вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳарду ҷониб аз ҳодисаҳои ахир изҳори таассуф намуда, ба мувофиқа расиданд, ки фавран ба баргардонидани техникаи низомӣ ба макони ҷойгиршавии доимии онҳо шурӯъ мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифтааст. Ҷонибҳо ба таърихи қадимаи халқҳои бародар ишора намуда, омодагии худро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди тарафайнро баҳри ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи марзӣ изҳор намуданд.

Зикр гардид, ки Ворух ва Чоркуҳ таърихи куҳан дошта, мардуми ин сарзамин ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доранд. Давоми чанд соли охир дар рӯзи аввал буд шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин замина аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро боз ҳам дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, оинҳои неки ҳамсоядориро бо мардуми кишвари ҳамсоя ҳамеша риоя намоянд. Яъне мардуми наздимарзӣ аз худ сабру таҳаммул ва хирадмандӣ нишон дода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи баҳси сарҳадро дар фазои якдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокирот ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо мардум иброз дошт, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои марзӣ идома дорад. Манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, пурра барқарор гардида, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсатҳои кутоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешавад. Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад.

Дар охири мулоқот Саймумин Ятимов ба оилаҳои қурбоншудагони даргириҳо изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқот бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркуҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара