Хабарҳо
Хуҷанд: Беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ороишӣ дар гулгашти назди меҳмонхонаи “Эҳсон" шинонида шуданд - 24.01.2021 12:35
Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода - 22.01.2021 16:24
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 13:50
Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - 22.01.2021 12:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 12:47
"Худомӯзи саводи расонаӣ" — шакли электронии ин китоби омӯзишӣ дастраси хонандагон гардид - 22.01.2021 12:38
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52

Дар ноҳияи Шаҳристон қутоспарварӣ ба роҳ монда шуд

( 0 Овоз )

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати табдили соҳаи қутоспарварӣ ба соҳаи сердаромад ва ояндадор дар минтақаҳои куҳии ноҳияи Шаҳристон парвариши қутос ба роҳ монда шуд.

Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ВМКБ ба ноҳияи Шаҳристон 10 сар қутос оварда шуд, ки дар мавзеи Кимқули ноҳия ба таври таҷрибавӣ парвариш карда мешавад.

Минтақаи Кимқул аз минтақаҳои нисбатан сарди ноҳия маҳсуб ёфта, бино ба гуфти мутахассисон барои парвариши қутос мусоид аст. Тавре маълум аст, қутос давоми ҳазорҳо сол тавассути интихоби табиӣ дар иқлими хунуки кӯҳистон ташаккул ёфта, дар минтақаҳои экологию ҷуғрофии мухталиф зиста наметавонад ва гармиро дар бадани худ зуд ҳис карда, дар ҷустуҷӯи ҷои хунук мешавад. Аз ин лиҳоз интихоби ин мавзеъ барои парвариши қутос ҳадафмандона буда, дар сурати зиёд шудани саршумор ин таҷриба дар дигар минтақаҳо низ истифода мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҷангалбонон таъкид кард, ки қутоспарварӣ аз бахшҳои сердаромади чорводорӣ аст ва дар сурати мутобиқ шудан саршумори он дар ҷангалзори ноҳия афзоиш меёбад. Қутоспарварӣ дар вилоят таҷрибаи нав набуда, ин навъи ҳайвонот то имрӯз дар навоҳии Айниву Куҳистони Мастчоҳ парвариш мегардад. Тибқи иттилои масъулин саршумори қутос дар вилоят ба 2000 сар баробар гардида, теъдоди он сол аз сол зиёд шуда истодааст.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо мақсади рушди хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон ба мавзеи Кимқули ноҳия 23 сар оҳуи навъи муфлони аврупоӣ оварда шуда буд. Масъулини хоҷагии ҷангал мегӯянд, ки аз ин оҳуҳо то ин замон се сар насл гирифта шуда, шумораашон ба 26 сар баробар шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар ноҳияи Шаҳристон қутоспарварӣ ба роҳ монда шуд