Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Ҳанӯз 19 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.

Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯйи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ боз намуд.

Мардуми тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Муқовимати сиёсиро бо ризоияту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон дод.

Дар шароити кунунӣ танҳо таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат, ваҳдату ҳамдилӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо менамояд.

Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд.

Имсол мардуми сарбаланди кишварамон 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил хоҳанд гирифт, ки он ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва мўътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа мегузорад. Бояд қайд намуд, ки чанд моҳ қабл Рўзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор гардид, ки ин падида дар таҳкими фазои фарҳангии байни минтақаҳо ва густариши робитаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваҳдати ду минтақаи таърихан қадимии Тоҷикистон нақши муассир гузошт.

Мавриди зикр аст, ки таҷлили Ваҳдати миллӣ имсол дар остонаи ҷашни бошукӯҳи миллат 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат, дар қаламрави кишварамон «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод», ҳамзамон дар вилоят эълон гардидани “Соли фарди солим» ба сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, имкон фароҳам меоварад, ки дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ шарафёб гардем.

Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи сокинони вилоятро бори дигар, бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ