Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Ҳар сол  якшанбеи аввали моҳи июн сокинони кишвар Иди кормандони хоҷагии манзилию коммуналиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Имрӯзҳо кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи қарори Раиси вилоят оид ба андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, аз ҷумла 500 рӯзи ободонӣ ва кабудизоркунӣ ва Барномаи «Соли 2016-соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод»,  дар ташкили шанбегиҳо, ниҳолшинонию тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист фаъолияти назаррас доранд.  Хиёбону гулгаштҳое, ки мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мебинем, маҳсули меҳнати софдилонаю дастони гулкори коркунони хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад.

Вобаста ба ин,  дар қаламрави вилоят аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», «Ободонии маҳали зист» ва ғайра гузаронида мешаванд, ки дар он ҷавонону наврасон, донишҷўёну хонандагон ва ҷамоатчигии шаҳру деҳот фаъолона иштирок намуда, дар тоза нигоҳ доштани муҳити атроф саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Боварии комил дорам, ки кормандони соҳа бо истифодаи  имконияту захираҳо сатҳу сифати хизматрасониро баланд бардошта, баҳри ободонии ҷомеа ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти халқ меҳнати фидокоронаи худро дареғ намедоранд.

Ҷомеаи меҳнатии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилоят минбаъд низ корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва вазъи хизматрасонӣ, аз қабили бештар шинонидани ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва кӯчати гулҳо дар қадди роҳҳои расмӣ(протоколӣ), саҳни биноҳои истиқоматӣ ва  ташкилоту муассисаҳо, парвариши гулу гулбуттаҳо дар гармхонаҳо, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, оид ба сари вақт баровардан ва безарар гардонидани партовҳои истеъмолӣ ва сахти маишӣ аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, насби шиору овезаҳоро марбут ба ободонию тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ намуда, 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаддастарин дастовардҳои таърихи навини худро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил намоянд.

Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо кормандони соҳаи  хоҷагии манзилию коммуналии вилоятро ба муносибати иди касбиатон хуҷастабод гуфта, бароятон тани сиҳат, ободии рӯзгор ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорам.

Иди касбӣ муборак бод!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ