Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист

( 0 Овоз )

Мардуми тоҷик чун тамоми сокинони тараққипарвари сайёра ҳар сол санаи 5 июнро чун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил менамоянд. Зеро дар фарҳанги гузаштагони пурифтихори мо гиромӣ доштани об, хок, бод ва оташ, ки бунёди олам бар ин чаҳор унсур асос ёфтааст, мавқеи муҳим дорад.

Ин нукта ишора бар он дорад, ки ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат дар заминаи ҳифзи сарватҳои табиат, гуногунии биологӣ ва муҳите, ки моро иҳота намудааст, вазифадор буда, бояд дар поку беолоиш нигоҳ доштани табиат, ки онро хонаи умумии инсоният хондаанд, саҳми босазои худро гузорад.

Бояд гуфт, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ диққати махсус дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати таъмин намудани аҳолии сайёра бо оби тоза, коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он бо ташаббусҳои наҷиб ибрози андеша менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ фаъолияти худро дар татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ оид ба беҳдошти муҳити зист ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ ба роҳ монда, барои ҳалли бӯҳронҳои экологӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани табиати бою нотакрори кишвари офтобиамон аҳамияти махсус медиҳад.

Силсилаи тадбиру чорабиниҳо дар заминаи таъминоту дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои оби тоза, баргузор намудани маъракаҳои ободониву ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳо, баргузор намудани мусобиқаҳои шаҳр, деҳот ва маҳаллаи беҳтарин, тозаву озода намудани маҳалли зист, соҳилу манбаъҳои об, ки дар беҳтар кардани вазъ ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мусоидат мекунанд, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки тибқи «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар  бораи маърифати экологии аҳолӣ», Консепсияи ҳифзи муҳити зист ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳа амалӣ гардида истодаанд.

Итминони комил дорам, дар татбиқи ин иқдомҳо дар беҳдошт ва ҳифзу покизагии муҳит нақши равшан гузошта, аҳолиро ба дӯст доштани табиат ва ободкорию созандагӣ ҳидоят менамояд.

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист тамоми  кормандони соҳа, алоқамандон ва дӯстдорони табиатро самимона  табрику муборакбод гуфта, дар фаъолияташон пирӯзию муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист