Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

( 0 Овоз )

Фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлиро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва барои онҳо муҳайё намудани шароити мувофиқ таъкид кардаанд:

«Падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакони синни томактабӣ ва ҳамчунин дар оянда идома ёфтани таҳсили онон дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир менамояд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.

Азнавсозӣ, таъмиру тармим ва сохмтони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, ташкили лагерҳои мавсимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ба ин восита фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо, доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданию маърифатӣ дар ин ҷойҳо баёнгари он аст, ки насли ояндасоз ҳамвора мавриди ғамхории калонсолон ва масъулини соҳа қарор дорад.

Бори дигар, фарзандону дӯстони хурдсолро дар ин рӯзи муборак аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд, ҳамчун шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб ва арзандаи миллат ба воя расанд.

Бигузор ҳамеша дар лабони кӯдакон ханда ҳувайдо, чеҳраҳои онҳр дурахшон ва дилашон саршор аз меҳру саодати зиндагӣ бошад.

Ид муборак, фарзандони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон