Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо ҷавонони саодатманди вилоят самимона табрику муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани ормонҳои нек дастовардҳои шоистаро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сӯҳбату мулоқотҳои хеш бо ҷавонони кишвар изҳор доштаанд, ки ҳар тадбире, ки дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама ба таъмини беҳдошти ҳаёти ҷавонон равона шудааст.

Имрӯз мо шукрона аз он мекунем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар даврони ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонони ояндасоз дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.

Бо дарназардошти ин рисолати бузург Шумо – ҷавонон бояд хуб дарк намоед, ки истиқлолияти воқеӣ доштан ва соҳибдавлату соҳибватан будан барои инсон бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагӣ аст.

Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумо ҷавонон бояд пайваста кӯшиш намоед, ки рисолати бузурги созандагиву офарандагии худро боз ҳам амиқтар дарк намуда, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона саҳми шоиста гузоред.

Тоҷикистон имрӯз ба нерӯи ақлонӣ ва зеҳнии ҷавонони босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва фаъол такя мекунад, зеро асоси мустаҳкамии давлату миллат ба шумо вобастагии қавӣ дорад.

Айни замон мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки воқеан ба марҳилаи нави тарққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, хоса ба фаъолияти минбаъдаи шумо ҷавонони саодатманд заминаҳои мусоиде фароҳам хоҳад овард. Боварӣ дорам, ки шумо дар баробари ширкати фаъолона дар амали талаботи ин санади тақдирсоз низ саҳми муносиб мегузоред.

Ҳамчунин соли равон таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир хоҳад гардид, ки нақши ҷавонон дар ин чорабинӣ назаррас маҳсуб меёбад.

Итминони комил дорам, ки шумо чун фарзандони асили Ватан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки барои фароҳам овардани шароити муносиби кору фаъолияти мардуми шарифи Тоҷикистон нигаронида шудааст, таваҷҷӯҳ намуда, дар рушди устувори иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азизамон саҳми назаррас мегузоред.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шуморо бори дигар ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, бахту иқбол, сарбаландӣ ва шукуфоӣ таманно менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон