Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

( 0 Овоз )

Фарорасии Рӯзи оиларо ба ҳамаи Шумо сокинони шарафманди вилоят самимона таҳният мегӯям ва таманно мекунам, ки ҳамеша саодати хонаводагӣ, хушбахтиву хушрӯзиҳо дар оила насибатон гардад.

Дар тафаккури мардуми тоҷик аз даврони дури таърихӣ оила ба унвони мазрааи поку муқаддас, мисбоҳи рӯшану ҷилобахш, ки аз таҷаллои он шоҳроҳи умри бардавоми инсоният рӯшан мегардад, шинохта мешавад.

Оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, мушоҳида, эҳтироми якдигар ва тарбияи фарзандонро талаб мекунад. Бесабаб нест, ки ҳифзи манфиати аъзои оила, падару модар ва фарзандони онҳо дар қонунгузории кишвар дар мақоми аввал қарор дорад.

Айни замон Ҳукумати кишвар барои давра ба давра беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, аз ҷумла фароҳам овардани муҳити хуби иҷтимоии оилаҳои ҷавон тадбирҳо андешида, барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меоварад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо истиқбол аз ин иқдомоти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро, ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад.

Дар ин раванд, бо ибтикори Пешвои миллат дар вилоят шаҳракҳои Сайҳун, Баҳористон, Меҳробод, Моҳпарӣ маҳз ба хотири таъмини ҳаёти шоистаи оилаҳои мардум бунёд гардида истодаанд. Ҳамаи ин иқдомҳои наҷиб барои дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти кишвари азизамон Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Боварии комил дорам, ки чунин тадбирҳои муҳим дар таъмини пойдории оилаҳои солиму қавӣ боис гардида, заминаҳое барои тарбияи фарзандони солеҳу донишвар, мутахассисони ҷавобгӯ ба замони имрӯз, афроди ватандӯсту соҳибназар ва хидматгузор баҳри фардои боз ҳам шукуфону дурахшони кишвар фароҳам хоҳад намуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҳамдиёронро бо фарорасии Рӯзи оила табрику муборакбод менамоям. Бигузор аз нури чеҳра ва муҳаббати поки занону модарони азиз ва матонату иродаи қавии падарони бузургвор, роҳи ҳаёти имрӯзу фардои ҳар оила мунаввар ва маҷмӯан тамоми ҷомеаи мо нурониву гарм ва лабрези меҳру муҳаббат бимонад.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила