Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Ғалаба

( 0 Овоз )

Ҳамватанони гиромӣ,

Мӯҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,

Соли равон мардуми шарафманди кишварамон 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва нуздаҳумин солгарди Ваҳдати миллӣ - муқаддастарин дастовардҳои таърихи навини худро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

Дар фароҳам овардани сулҳу суботи ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Зеро воқеан ҳам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш зина ба зина барои анҷом додани рисолати  таърихие, ки давру замон ба дӯшаш гузошта буданд, камари ҳиммат бастанд.

Ҳафтоду як сол аст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагаштаанд, таҷлил менамоянд.

Ҳар қадар, ки таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар барад, бароямон шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон қадар равшантар мегардад ва сабақи таърих аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Рӯзи Ғалабаро дар радифи санаҳои фаромӯшнопазирӣ гузошта, онро барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои аҳли кишвар азизу гиромӣ арзёбӣ кардаанд: «Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст».

Дар набардҳои сангин зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душмани ғаддор мубориза бурда, Ватани ҷоноҷони худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд.

Аз байни онҳо 63 нафар тоҷикписарон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар  бо се дараҷаи ордени Шараф ва ҳазорон нафари дигар бо ордену медалҳо сарфароз гаштанд.

Қарзи фарзандии ҳар кадоми мост, ки қаҳрамонони миллати худро азизу арҷманд дорем ва корнамоиҳои онҳоро дар тарбияи ҳаррӯзаи ҷавонон ва дар ин замина  ба манфиати Ватани маҳбубамон намуна қарор диҳем.

Барои падарони қаҳрамон фароҳам оварда шудани шароитҳои мусоиди табобату истироҳат дар мавзеъҳои хушманзара, аёдати ҳамешагии онҳо аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатию ҷомеаҳои меҳнатӣ ифодагари самимият, меҳру муҳаббат ва арҷгузории ҳар як сокини миннатпазири вилоят ба диловарию шуҷоат ва мардонагии онҳо дар майдонҳои набарду арсаи меҳнат маҳсуб мегарданд.

Пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта сарвати бебаҳои мо мебошанд. Аз имконияти мусоид истифода намуда, эҳтирому арҷгузории кулли мардуми вилоятро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ арза медорам ва бо фарорасии ҷашни 71-умин солгарди Рӯзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом ва давлати бегазанди пирӣ таманно менамоям.

Иди Ғалаба муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Ғалаба