Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз,

Соли равон мардуми шарафманди кишварамон ҷашнҳои бузурги миллат - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва руҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

Ҳар сол санаи 7 май дар кишвари мо Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа таҷлил мегардад, ки ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод менамоям.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки дар замони муосир рушди босуръати соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро бе истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотиву комуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро татбиқи васеи онҳо имконият фароҳам меорад, ки дар фосилаи кӯтоҳи вақт амалиётҳои гуногун ба анҷом расонида шавад.

Боиси қаноатмандист, ки кормандони соҳа аз коргари қаторӣ то муҳандису роҳбар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз имкониятҳои моддиву зеҳнии мавҷуда самаранок истифода намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор додани хатти интиқоли нахию нурӣ имконият фароҳам овард, ки имрӯзҳо сокинони вилоят аз истифодаи шабакаҳои интернетии суръатнок ва босифат бархурдор гардиданд. Ҳамчунин, корҳои омодагӣ ба ташкили телевизиони силкӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ба муносибати иди касбӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят истифодаи ройгон аз шабакаи интернет ба роҳ монда шудааст. Дар фазои иттилоотии вилоят нақши радио чун воситаи муҳими тарғиби сиёсати Ҳукумати кишвар, тамаддун ва фарҳанги миллат назаррас буда, кормандони он дар баробари омӯзиши малака ва такмили истеъдоди касбӣ бо таҳияи барномаҳои ҷолибу фарогири масоили рӯз, ҳамқадами замонанду аз иҷрои рисолати касбии худ сарбаландона мебароянд ва дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, вазифаҳои ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро менамоянд.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа аз муваффақиятҳои ба даст омада қонеъ нагардида, бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ, дар оянда низ аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздашон буда, сарбаландона баромада дар ободию гул-гулшукуфии кишвари азизамон нақши босазои худро мегузоранд.

Бори дигар кормандони соҳаро бо фарорасии Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа хуҷастабод гуфта, ба онҳо тансиҳатию ободии рӯзгор ва осмону софу муваффақиятҳои беназир дар ҷодаи кору фаъолият таманно мекунам.

Ид муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа