Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён

( 0 Овоз )

Ҳар сол санаи 8 апрел дар кишвар Рӯзи иқтисодчиён мутантан таҷлил мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти соҳаи иқтисод барҳақ зикр намудаанд: «Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди соҳаи иқтисодро аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ карда, барои таъмини рушди иқтисодӣ ва тавассути он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум «Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро барои солҳои 2016-2020» амалӣ намуда, ҷиҳати таъмини ҳадафҳои стратегӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тадбирҳо меандешад.

Иқтисодчиёни вилоят дар таъмини ҳадафҳои асосии фаъолият таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои дастӣ, сохтмони мавзеъҳои аҳолинишин, бунёду таъмири роҳҳо, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, иҷроиши буҷети давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ширкати фаъолона дошта, вазифаи бар зимма доштаро бо дарки масъулият ва бо нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ иҷро мекунанд. Муасаллам аст, ки таъмини ҳадафҳои мазкур барои ба даст омадани рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинони вилоят заминаи мусоид мегузорад.

Рӯзи иқтисодчиёнро ба тамоми кормандони соҳа табрику таҳният гуфта, дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди фаъолият барору кушоиш таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён