Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура

( 0 Овоз )

Кормандони мақомоти прокуратураро ба муносибати фарорасии Рӯзи иди касбӣ табрику таҳният менамоям.

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Мақомоти прокуратура тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дар кишвар таъмин намуда, ҳамзамон ба ҳифзи сулҳу субот ва амният, таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазо дорад.

Бо дарназардошти нақши арзишманди прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони ин мақомот ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Боиси қаноатмандист, ки кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташударо баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Меҳнати пуршараф ва талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷода аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад ва қадрдонӣ карда мешавад.

Бо боварӣ гуфта метавонам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи кормандони прокуратура рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои ҳомии воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон будани онҳо роҳнамоӣ менамояд.

Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура умри дароз, саломатӣ, сарбаландиву хонаободӣ ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони прокуратура