Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи матбуот

( 2 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, васоити ахбори омма чун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ зикр намудаанд: «Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад».

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар кишвари азизамон теъдоди зиёди нашрияҳои даврӣ, телевизиону радио, оҷонсиҳои иттилоотӣ фаъолият намуда, ба ташаккули афкори созандаи ҷомеа таъсири мусбии худро мерасонанд. Фаъолияти назарраси 13 шабакаи телевизионӣ, 14 шабакаи радиоӣ, беш аз 50 рӯзнома ва 6 маҷалла дар қаламрави вилоят худ гувоҳи он аст, ки воситаҳои ахбори омма ҳамчун дастгоҳи тавонои иттилоотӣ ахбори заруриро саривақт ба аҳолӣ расонида, фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро инъикос менамояд. Илова бар ин саҳми телевизиону радио ва маҷаллаву рӯзномаҳо дар тарбияи ахлоқии ҷомеа ва тарғиби анъанаҳои миллӣ хеле барҷаста аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо васоити ахбори омма ҳамкории хубу самаранок дошта, барои дастгирии моддию маънавии рӯзноманигорон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиби рӯзҳои баҳорӣ, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд барои истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона заҳмат кашида истодаанд, кулли қаламкашон, аҳли матбуоти вилоятро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, итминони комил дорам, ки воситаҳои ахбори омма дар инъикоси дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми амиқ мегузоранд.

Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи матбуот