Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини мамлакат эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани марзу буми Ватанро дучанд менамояд.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус буд. Бозёфтҳои олимони бостоншинос, ҳафриёту навиштаҷоти дарёфтшуда ва деворнигораҳои таърихӣ, ки то рӯзгори мо боқӣ мондаанд, шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

Аҷдодону гузаштагони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти соҳибдавлатию озодии онҳоро ифода мекард. Парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ маъруф аст.

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистон соҳиби Парчами давлатӣ, яъне рамзи таҷассумгари гузаштаи пурҳикмат ва ояндаи дурахшони худ гардиданд.

Мусаллам аст, ки Парчами давлатӣ нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву пойдории истиқлол, ҳуввияти миллӣ, ҳидоятгару раҳнамои мардум ба сӯи расидан ба олитарин ормонҳои давлатдорӣ ва шукуфоию рӯзгори саршор аз саодат аст.

Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол зери Парчами давлатии худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу суббот кору фаъолият доранд.

Солгарди Рӯзи Парчами давлатиро ба сокинони вилоят табрику муборакбод гуфта, итминони комил дорам, ки бо шарофати ин ҷашн дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллӣ дучанд гардида, моро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ ҳидоят менамояд.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон