Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикӣ ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз,

Рӯзи фархундаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро   ба кулли сокинони вилоят табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагони  саломатӣ, хотирҷамъӣ ва тамоми хушиҳои  зиндагиро таманно менамоям.

Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон, ки дар арафаи Иди Сарқонун ҷараён гирифт, баробари изҳори қаноатмандӣ аз рафти бунёдкорҳо дар қаламрави вилоят таъкид намуданд, ки дар самти таҳкими Истиқлолият, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи ҳар шаҳрванд  дар пешорӯи ҷомеа вазифаҳои боз ҳам бузургтар истодаанд.

Воқеан, мардуми моро бахту саодати бузурге насиб шудааст, зеро Конститутсияи мо аз ҷониби коршиносон, ташкилотҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ниҳодҳои умумиҷаҳонӣ чун яке аз конститутсияҳои демократитарини  дунё эътироф шудааст.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо иродаи олии халқи мамлакат қабул гардид, истиқлолияти ба дастомадаро заминаи ҳуқуқӣ бахшид ва дар таърихи давлатдории миллати кӯҳанбунёди мо саҳифаи тоза кушод. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд, ки: «давоми солҳои амали ин санади бақою саодатбахш халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти худро дар ҳамаи соҳаҳо мушаххас гардонд ва ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид».

Шоистаи зикр аст, ки имрӯзҳо дар вилоят ба истиқболи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бузурги созандагӣ давом ёфта, соли ҷорӣ татбиқи се ҳадафи асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят-таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм, таъмини барномаи роҳҳои обод ва эҳёи ҳунарҳои дастӣ бо маром идома доранд. Дастовардҳое, ки дар ин ҷода сокинони вилоят  соҳиб шуданд, ба ҷашни Сарқонуни кишвар армуғони арзанда мебошанд.

Итминони комил дорам, ки бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи муқаррароти ин санади муҳими тақдирсоз – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми вилоят дар ҳамдастию ҳамфикрӣ пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшида, бобати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ҷаҳду талош мекунанд.

Иди Сарқонун муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикӣ ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон