Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба ифтихори 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бароятон табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон сиҳатмандиву саодати зиндагӣ ва дар кору фаъолият комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Шоистаи зикр аст, ки имрӯзҳо пиру барнои кишварамон Рӯзи Истиқлолияти давлатиро бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат бо руҳияи баланди идона истиқбол мегиранд.

Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин, азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёт мебошад.

Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намуданд: «Арзиши Истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таърихи тамаддуни  хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

Қобили зикр аст, ки дар вилоят фазои мусоиде фароҳам омадааст, ки барномаҳои давлатии иқтисодию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум бемайлон татбиқ мегардад. Дар доираи амалисозии «Барномаи вилоятии роҳҳои обод» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо километр роҳҳо обод гардида, туфайли бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ имкон дод,

ки 50 ҳазор хоҷагиҳои нави оилавию инфиродӣ таъсис дода шуда, беш аз 500 ҳазор саҳмдорон соҳиби замин гардиданд.

Эҳёи ҳунарҳои дастии қолинбофию адрасбофӣ ва дигар намудҳои ҳунармандиро сокинони вилоят пайваста ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати рушди он тадбирҳо меандешанд.

Дар соҳаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва маишию хизматрасониҳо низ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида расида, дастовардҳои илмию эҷодӣ ва варзишии насли ҷавон афзун мегардад.

Дар ин рӯзи саид ба ҳамаи мардуми сарбаланду саодатманди вилоят саломатӣ, рӯзгори обод ва комёбию комгориҳои беназир таманно дорам.

Ҷашн муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба ифтихори 24-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон