Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони тиб

( 2 Овоз )

Ҳамаи кормандони соҳаи тандурустии вилоятро бо иди касбӣ - Рӯзи шифобахшону ҳомиёни саломатии инсон табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳативу саломатӣ, барори ко рва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошта, давоми садсолаҳо аҷдодони донишманди мо ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо нафарони дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.

Қобили зикр аст, ки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро боигарии миллат номида, пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Ин нукта масъулини соҳаро водор намудааст, ки ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани шароити муносиби фароғату солимгардонӣ, таъмиру тармими муассисаҳои табобатӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам дар фаъолияти кормандони соҳа тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Бо ибтикори Сарвари давлат эълон шудани соли 2015 – «Соли оила» ва дар заминаи нақшаи чорабиниҳои он ба масъалаи пойдории оилаҳо, пешгирии паёмадҳои никоҳи хешутаборӣ ва беҳдошти саломатии ҷомеа таваҷҷӯҳ бештар ва корҳои муайян амалӣ карда мешаванд, ки дар ин ҷода саҳми кормандони соҳаи тибби вилоят бештар ба назар мерасад.

Шоистаи зикр аст, ки имрӯзҳо табибони вилоят бо фаъолияти пурмаҳсулашон ворисони арзандаву ҳақиқии гузаштагон будани худро собит намуда, истеъдоди фитрии онҳо дар кишвар ва берун аз он эътироф гардидааст. Алҳол дар муассисаҳои тиббии вилоят 4727 нафар духтурон, 14 250 нафар кормандони миёнаи тиб ва 5518 нафар кормандони хурди тиб пурмаҳсул ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида, соҳиби боварӣ ва эҳтироми сокинон гардидаанд.

Итминони комил дорам, ки табибони вилоят минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ва муносибати некбинона бобати баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҳамаи имкониятҳо васеъ истифода бурда, баҳри саломатии инсон ва ояндаи неки ӯ шоиста меҳнат менамоянд.

Дар ин рӯзҳои фараҳ ба ҳамаи кормандони соҳа – синопешагони вилоят рузгори обод ва комёбиҳои беназирро таманно дорам.

Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони тиб