Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон

( 0 Овоз )

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмонҲар сол чун анъана рӯзи якшанбеи ҳафтаи дуюми моҳи август дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон бо тантана таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаи сохтмони вилоятро бо иди касбӣ, иди меҳнату бунёдкорӣ табрику муборакбод менамоям.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят меҳнати созандаи сохтмончиёнро дар бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим ва амалишавии ҳадафҳои бунёдкориву созандагӣ ҳамеша қадр намуда, барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад. Биною иншоотҳои  мӯҳташам, роҳу пулҳо, ки имрӯз ифтихори сокинони вилоят мебошад, самараи меҳнати шоистаи сохтмончиён маҳсуб меёбад.

Бо шарофати фаъолияти бунёдкоронаи онҳо симои шаҳру ноҳияҳои вилоят сол аз сол ободу зебо ва назаррабо гашта, эътимоди мардумро ба фардои босаодати миллату давлат бештар менамояд. Соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 21-солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бинокорони вилоят азму ният доранд бунёди 190 иншоотҳои истеҳсолӣ ва маишию фароғатиро ба истифода диҳанд. Дар ин муддат 118  иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосии то имрӯз ба истифода дода шуда, зиёда аз 93 млн. сомониро ташкил менамояд. Корҳои пудратии иҷрошудаи сохтмончиёни вилоят маблағи беш аз 211 млн. сомониро ташкил дод. Танҳо соли ҷорӣ дар ҳаҷми 75 ҳазору 919 метри мураббаъ манзилгоҳҳо бунёд, даҳҳо километр хатти оби нӯшокӣ таъмир, зиёда аз 32 километр роҳҳои мошингард мумфарш гардида, якчанд иншоотҳои иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бинокорони сарбаланди вилоят дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати вусъати корҳои созандагиву ободонӣ сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои рисолати пуршараф – ободониву бунёдкорӣ кӯшишу ғайрати зиёд менамоянд.

Дар ин рӯзи муборак ба кулли кормандони соҳаи сохтмони вилоят тансиҳативу хонаободӣ, дар ҷодаи ободӣ ва хушманзар намудани диёрамон  барори кор ва муваффақиятҳои беназир таманно дорам.

Идатон муборак, сохтмончиёни ҳимматбаланд!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон