Хабарҳо
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони вилоятҳои Липетск ва Воронежи Федератсияи Россия - 18.10.2021 19:49
Суғд: Дар нуҳ моҳ ба маблағи 414,7 млн. доллар маҳсулот содирот шуд - 18.10.2021 13:47
Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд - 17.10.2021 11:45
Хуҷанд: Иди Меҳргон бо шукуҳи хоса таҷлил гардид - 16.10.2021 16:59
Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 9 моҳи соли 2021 - 15.10.2021 16:47
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд - 15.10.2021 16:38
Суғд: Ба маблағи 8 млрд. 698,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд - 15.10.2021 16:22
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд - 15.10.2021 16:21

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр

( 2 Овоз )

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди ФитрҲамдиёрони азиз!

Ҳамаи сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди фитр табрику муборабод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Шоистаи зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Иди Рамазон ҳамчун иди умумихалқӣ эълон гардида, имрӯзҳо мардуми кишвар дар қатори кулли мусалмонони ҷаҳон иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.

Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон барҳақ зикр намудаанд: «Рамазон моҳи сабру таҳаммул, моҳи боз гаштани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад ва дар замираш парҳезгориро тақвият мебахшад. Моҳи Рамазон ҳам дар каломи раббонӣ ва ҳам дар ҳадисҳои паёмбари Худо борҳо ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид шудааст».

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар кишварамон озодии виҷдон ва эътиқод таъмин буда, мардум ба масҷид барои тоату ибодат ва гирифтани ғизои илоҳӣ меоянд ва мусалмони асил дар ин макон ба ташвиқоту тарғиботи ақидаву андешаҳои ифротгароёна ва тундравона, намоишкорӣ, паҳншавии таассубу хурофот ва ихтилофу парокандагӣ байни ҷомеа асло роҳ намедиҳанд.

Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми вилоят чун тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоламон дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ, пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, такмилёбии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Ҳар сол дар вилоят садҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Соли равон ба нақша гирифта шудааст, ки 170 корхонаи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, дар ин коргоҳҳо зиёда аз 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардад.

Эҳёи ҳунарҳои дастии қолинбофию адрасбофӣ байни ҷомеа дастгирии ҳамаҷониба ёфта, ҷиҳати рушди он тадбирҳо амалӣ мешаванд.

Ислоҳоти кишоварзӣ дар вилоят бо роҳи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм имкон дод, ки беш аз 50 ҳазор хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ таъсис дода шуда, замин соҳиби ҳақиқии худро пайдо намояд.

Мутмаинам, ки мардуми олиҳиммату саховатманди вилоятамон дар рӯзи мубораки Иди Рамазон ва минбаъд ҳам ба амалҳои неку хайр, ободкориву созандагӣ рӯй оварда, аз ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ намедоранд.

Боварӣ дорам, ки бо ҳиммати баланду меҳнати фидокоронаи мардуми меҳнатқарин Ватани азизамон – Тоҷикистон боз ҳам ободу шукуфонтар хоҳад шуд.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр