Хабарҳо
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд - 30.11.2021 16:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд - 30.11.2021 16:40
Ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак доир гардид - 30.11.2021 16:34
Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус аз Суғд боздид мекунад - 30.11.2021 14:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро ба ҳузур пазируфтанд - 30.11.2021 10:59
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Деваштич ҷамъомад баргузор гардид

( 0 Овоз )

24-ноябри соли 2021 дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакии ноҳияи Деваштич ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатиро ба самъи сокинон расонид. Таъкид карда шуд, ки «соли равон тантанаҳои таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ба соли ҷашни бошукӯҳи сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, ки сокинони вилоят низ ин санаи фархундаи таърихи миллатро бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ сазовор истиқбол гирифтанд, ба мардуми шарафманду сарбаланди Ватани маҳбубамон рӯҳу илҳоми тоза эҳдо намуда, барои расидан ба қуллаҳои боз ҳам баландтари шукуфоӣ ва пешрафт заминаҳои мустаҳкам гузошт.»

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода низ сокинонро бо  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, қайд кард, ки  таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ нишони ифтихор аз давлатдории имрӯза, эҳтироми бепоён ба гузаштаи пурифтихори миллат мебошад.

Сипас, ба якчанд афсарону сарбозон  Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Деваштич ҷамъомад баргузор гардид