Хабарҳо
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 27.10.2021 11:53
Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:17
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:19
Ифтитоҳи бинои Стансияи ёрии таъҷилӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:34
Дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар беш аз 100 гектар бунёди боғу токзор ба нақша гирифта шудааст - 26.10.2021 16:26
Панҷакент. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 26.10.2021 16:04
Шиносоӣ бо сохтмони меҳмонхона ва бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 26.10.2021 15:55
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва тарабхона дар деҳаи Сӯҷина - 26.10.2021 15:47
Панҷакент. Ба бунёди бинои маъмурии ҲХДТ ва қасри варзиш санги асос гузошта шуд - 26.10.2021 15:46
Дар корхонаи муштараки “Зарафшон” баъд аз таҷдид хати истеҳсолӣ фаъол гардид - 26.10.2021 15:36

Мастчоҳ. Нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ 120,2 фоиз иҷро гардид

( 0 Овоз )

13 октябр дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Муллосоқӣ Атовуллозода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти нуҳ моҳи соли 2021 натиҷагирӣ шуд.

Нахуст муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳисобот дода, афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас сокинони сарбаланди ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд..

Таъкид карда шуд, ки нақшаи муфассали корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аз 535 банд иборат мебошад. Мувофиқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмон, бунёд ва таъмиру азнавсозии 535 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин радиф, то имрўз 588 иншоот, аз ин шумора дар  нӯҳ моҳи соли равон 61 иншоот ба маблағи зиёда аз 18.3 млн. сомонӣ, бунёд гардидааст, ки 120,2 фоизи нақшаро дарбар мегирад.

“Давоми нӯҳ моҳи соли 2021 дар сатҳи ноҳия 57 банди иловагии дигар ба нақшаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ илова карда шуд, ки  ҷамъи умумии бандҳои нақшаи чорабинӣ ба 634 адад расонида шуданд, ки 118,5 фоизро ташкил дода, то ҷашни мазкур пурра иҷроиши онҳо таъмин карда мешаванд”-зикр намуд Зайнура Умарзода.

Дар анҷоми маҷлис Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геологии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастовардҳои ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда изҳори назар намуда, зикр кард, ки то ҷамъбасти соли равон камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои истеҳсолот ва оморҳои соҳаи кишоварзӣ ибрози андеша намуда, барои сифатан иҷро намудани дурнамои рушд ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Муллосоқӣ Атовуллозода дар анҷоми маҷлис бо таваҷҷуҳ ба нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ноҳия зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо сокинони зафарманди ноҳия  тамоми саъю кўшиши худро ба он равона мекунанд, ки соли 2021-ро ба натиҷаву комёбиҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мастчоҳ. Нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ 120,2 фоиз иҷро гардид