Хабарҳо
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 27.10.2021 11:53
Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:17
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:19
Ифтитоҳи бинои Стансияи ёрии таъҷилӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:34
Дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар беш аз 100 гектар бунёди боғу токзор ба нақша гирифта шудааст - 26.10.2021 16:26
Панҷакент. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 26.10.2021 16:04
Шиносоӣ бо сохтмони меҳмонхона ва бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 26.10.2021 15:55
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва тарабхона дар деҳаи Сӯҷина - 26.10.2021 15:47
Панҷакент. Ба бунёди бинои маъмурии ҲХДТ ва қасри варзиш санги асос гузошта шуд - 26.10.2021 15:46
Дар корхонаи муштараки “Зарафшон” баъд аз таҷдид хати истеҳсолӣ фаъол гардид - 26.10.2021 15:36

Дар Хуҷанд таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» семинар доир шуд

( 0 Овоз )

Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Нишастро намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоева ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ки ҳамчун асоси Ҳадафҳои Рушди Устувор  эътироф гардидааст, зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Соли 2011 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» қабул гардид. Дар асоси талаботи қонуни мазкур, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардид. Кумита ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тамоми имкону захираҳои таълимию тарбиявиро васеъ истифода мекунад, то ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд.

Таъкид шуд, ки имрӯз аксарияти ҳодисаҳои номатлуби дар табиат рух дода ба ҳолатҳои антропогенӣ –дахолати инсон ба муҳити зист иртибот  дорад. Бо назардошти ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатбахшии экологӣ хеле муҳим аст. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  як қатор қонунҳо, Барномаҳои давлатӣ, қарорҳои давлатию ҳукуматӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифати экологии аҳолӣ қабул карда шуданд, ки барои рушди бо низоми маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карда истодаанд. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шуд.

Сипас дар ҷараёни семинари машварати намояндагони САҲА, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва коршиносон вобаста ба паҳлуҳои гуногуни «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025»  изҳори назар ва баромадҳо намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» семинар доир шуд