Хабарҳо
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 27.10.2021 11:53
Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:17
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:19
Ифтитоҳи бинои Стансияи ёрии таъҷилӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:34
Дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар беш аз 100 гектар бунёди боғу токзор ба нақша гирифта шудааст - 26.10.2021 16:26
Панҷакент. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 26.10.2021 16:04
Шиносоӣ бо сохтмони меҳмонхона ва бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 26.10.2021 15:55
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва тарабхона дар деҳаи Сӯҷина - 26.10.2021 15:47
Панҷакент. Ба бунёди бинои маъмурии ҲХДТ ва қасри варзиш санги асос гузошта шуд - 26.10.2021 15:46
Дар корхонаи муштараки “Зарафшон” баъд аз таҷдид хати истеҳсолӣ фаъол гардид - 26.10.2021 15:36

Тоҷибой Султонӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур соҳиби ҷоизаи махсус шуд

( 0 Овоз )

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур озмун эълон намуда буд. Дар ин озмун, ки олимону адибон, публитсистону журналистон иштироки фаъол доштанд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ низ ширкат варзида, бо ҷоизаи махсус сарфароз гардонида шуд. Ҳоло мақолаи доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султониро бо номи «МУБОРИЗИ ҶОНФИДО. ТАЪРИХ НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУРРО ФАРОМӮШ НАХОҲАД КАРД» пешниҳоди хонандагон мекунем:

Мо дар шахсияти фарзандони фарзонаи миллатамон, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ, фарзандони фидоӣ, муборизони ҳақиқии Ватан, озодӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи сарзамини бостониамонро мебинем.

Эмомалӣ РАҲМОН

Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи он шахсиятҳои сиёсӣ ва ходимони давлатии Тоҷикистон аст, ки дар солҳои аввали таъсисёбӣ ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон дар қатори чеҳраҳои ватандӯсту сарсупурдаи миллат, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, барои пойдорӣ ва барқарор сохтани давлати миллӣ талошҳои бесобиқа намудааст. Агарчи дар бораи ин шахсиятҳо ва нафарони дигари гирифтори таъқиботи сиёсии соли 37 - уми асри гузашта, яъне муборизон - барқароркунандагони ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон осори илмию таърихӣ, публитсистӣ ва бадеӣ навишта шудаанд, вале ҳамоно дар ин замина саҳифаҳои нокушода низ зиёданд.

Имрӯз мавриди омӯзиш қарор додани корнома ва сарнавишти талху фоҷиабори фарзандони муборизу ҷонфидои тоҷик, ки дар солҳои аввали давлати шӯравӣ бо баҳонаю сабабҳои гуногун «душмани халқ» гардида буданд, барои бедор намудани эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон, бисёр муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, иқдоми эълон намудани озмун дар мавриди мақому ҷойгоҳи Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи давлатдории тоҷикон, ки аз тарафи роҳбарият ва ҳайати эҷодии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» роҳандозӣ гардидааст, шоистаи таҳсин буда, бояд чунин иқдом барои шинохти бештари чеҳраҳои хизматнишондодаи кишвар минбаъд низ идома бахшида шавад.

Мо бояд аз он шукргузор бошем, ки маҳз ба туфайли сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ баҳои воқеӣ дода шуд. Ҳарчанд нимаи дуюми солҳои 50-уми асри бист ва пас аз маърӯзаи таърихии Н.С. Хрушев дар Съезди ХХ Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он масъалаи шахспарастии Сталин ва оқибатҳои он баррасӣ шуда, баъдан аз номи бисёре аз фарзандони бегуноҳи дар солҳои ба истилоҳ «террори сталинӣ» доғи «душмани халқ» будан бардошта шуд, вале дар замони Истиқлоли давлатӣ бо назардошти хизматҳои арзанда ва саҳм гузоштан дар поягузории давлати миллӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шириншоҳ Шоҳтемур дода шудани унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистон на танҳо ба ин шахсияти бузург умри дубора бахшида, балки номи ӯро дар таърихи миллати тоҷик абадӣ гардонд.

Шириншоҳ Шоҳтемур чун аксари ҳамандешону ҳамсафони худ бо ҷаҳонбинии сиёсӣ ва донишу малакаи бузурги худ метавонист дар рушду шукуфоӣ ва пешравии минбаъдаи давлати ҷавони Тоҷикистон нақши бузург гузорад, зеро ӯ аз ибтидои ташаккули давлату давлатдорӣ ва масъалагузориҳои он огоҳ буда, ба шаҳодати маъхазҳои таърихӣ, аз ҷумла китоби «Шириншо Шотемур»-и А.В. Макашов ва В.А. Руднитский аз соли 1925 то замони ба ҳабс гирифта шудан (1937) аъзои Кумитаи Иҷроияи марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Мутаассифона, туҳмату буҳтони душманони миллат ва сиёсати нодурусти замон беҳтарин фарзандони диловари миллатро, ки барои озодӣ ва истиқлоли кишвар бархоста буданд, аз байн бурд, ки дар ин миён номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ қарор дорад.

Бешак, саҳифаҳои ҳаёти ин муборизони адолатпарварро варақ зада пеши назари хонанда бисёр масъалаҳои мураккабу пурпечутоб ҷилва мекунад, ки дурусту саҳеҳ ҳал кардани он агар аз як тараф ба ақлу заковати модарзоди инсон вобаста бошад, аз ҷониби дигар бо мафҳумҳои шуҷоату мардонагӣ, ватандӯстӣ, соҳиби ифтихори миллӣ будан ва дурандешию ояндабинии онон гиреҳ мехӯрад. Ш. Шоҳтемур, ки дар оилаи деҳқони камбағали поршневӣ ба дунё омада, замони кӯдакӣ аз парасторони худ ятим монда буд, азобу машаққати зиндагиро паси сар намуда, дар мактаби зиндагӣ обутоб дида, соҳиби андешаи мустақил ва муҳимтарин хислатҳои неки инсонӣ гардидааст. Агар ба саҳифаҳои таърихи зиндагии ин абармарди таърих нигарем, дар айёми наврасӣ ҳамчун батрак дар хоҷагии сардори отряди сарҳадчиён кор кардани ӯ, сипас ба маркази генерал - губернатори ҳамонвақтаи Туркистон – шаҳри Тошканд рафтан, ошноӣ бо намояндагони синфи коргари Россия, идомаи фаъолият дар заводҳои шаҳри Тошканд ва дар роҳи оҳан имкон доданд, ки ӯ ҳамчун шахсияти аз вазъи замон огоҳ, матинирода ва ботаҷриба зина ба зина ташаккул ёбад. Дар ин муддат Шоҳтемур шоҳиди бевоситаи дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ гардида, бо барпокунандагони ҳаёти нав, аз ҷумла бо андеша ва мақсаду мароми онон аз наздик ошно гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намуд, ки ин авомил дар фаъолияти ояндаи ӯ барои ташкил кардан ва тараққӣ додани Тоҷикистон заминаи муҳим гузоштааст.

Дар арафаи инқилоби болшевикӣ Шириншоҳ Шоҳтемур дар семинарияи муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд таҳсил карда, айёми таътил дар омода намудани мактабҳо, таъмини онҳо бо муаллимон, китобҳои дарсӣ ва дигар васоити таълимӣ фаъолона ширкат менамуд. Дар ин давра ӯ худро ҳамчун ташкилотчии моҳир ва роҳбари ботаҷриба нишон дода, сазовори боварии Комиссариати маорифи халқи Ҷумҳурии Туркистон мегардад. Худи ҳамон сол номзадии ӯ барои қабул шудан ба сафи ҳизб пешниҳод шуда, аз соли 1921 бо тавсияи аъзои фаъолу номдор узви Ҳизби Коммунист мегардад. Дар ин давра дар Осиёи Миёна ҳаракати босмачигарӣ идома дошт ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ба хоҷагиҳои навташкили давлати шӯравӣ зарбаҳои харобиовар мезаданд ва имкон намедоданд, ки онҳо дар таъмини мамлакат бо ғалла ва анвои дигари маҳсулот саҳм гузоранд. Зарур буд, ки аз ҳисоби фаъолону шахсони ботаҷриба ба минтақаҳои гуногун гурӯҳҳо фиристода шаванд ва дар кори ҷамъоварии ғалла мусоидат намоянд. Бо ин мақсад, моҳҳои май - июли соли 1921 Шириншоҳ барои бо озуқа таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон дар қатори 500 нафар донишҷӯёни ба истилоҳ “пролетарӣ” дар ибтидо ба вилояти Фарғона ва сипас ба уезди Хуҷанд, аниқтараш ба Дилварзин фиристода мешавад. Вай ин супориши ҳизбро бо сарбаландӣ иҷро намуд ва он барои рушду такомул ва фаъолияти минбаъдааш заминаи қавӣ гардид. Минбаъд бо супориши ҳизб Шириншоҳ дар кори пойдор намудани ташкилотҳои ҳизбӣ, ташкилу таҳкими давлати шӯравӣ дар Помир ва дигар минтақаҳои кишвари азизамон фаъолона иштирок менамояд.

Бояд гуфт, ки хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳамсафони ӯро метавон дар чанд замина, аз ҷумла дар барқарор намудани тарзи ҳаёти нав ва тарғибу ташвиқи тарзи нави зиндагӣ, соҳиби саводу маърифат намудани аҳолӣ, мубориза барои дуруст амалӣ намудани тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ, мубориза бар муқобили пантуркистон ва миллатчиён, талошҳои бесобиқа барои бунёд ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ва ғайра мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дод. Зеро заҳмату талош, ҷасорат ва корномаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар фарзандони барӯманди тоҷик буд, ки дар ибтидо Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон ва сипас дар ҳайати давлати шӯравӣ ҳамчун ҷумҳурии мустақил арзи ҳастӣ намуд.

Имрӯз мо тоҷикон бояд аз он ифтихор намоем, ки новобаста аз мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар натиҷаи талошҳои фарзандони барӯманди Ватан ҳақиқати таърихӣ барқарор гардида, соҳиби давлати миллӣ гардидем. Чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: “Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд”.

Тоҷибой СУЛТОНӢ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тоҷибой Султонӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур соҳиби ҷоизаи махсус шуд