Хабарҳо
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 27.10.2021 11:53
Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:17
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:19
Ифтитоҳи бинои Стансияи ёрии таъҷилӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:34
Дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар беш аз 100 гектар бунёди боғу токзор ба нақша гирифта шудааст - 26.10.2021 16:26
Панҷакент. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 26.10.2021 16:04
Шиносоӣ бо сохтмони меҳмонхона ва бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 26.10.2021 15:55
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва тарабхона дар деҳаи Сӯҷина - 26.10.2021 15:47
Панҷакент. Ба бунёди бинои маъмурии ҲХДТ ва қасри варзиш санги асос гузошта шуд - 26.10.2021 15:46
Дар корхонаи муштараки “Зарафшон” баъд аз таҷдид хати истеҳсолӣ фаъол гардид - 26.10.2021 15:36

Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар вилояти Суғд

( 0 Овоз )

6-уми октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинии илмӣ - фарҳангӣ таҳти унвони «Рисолати омӯзгор дар ташаккули низоми таҳсилот ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли миллӣ» доир гардид.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф омӯзгорон, олимон ва кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят ширкат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бо рӯзи касбӣ табрик гуфта, дар иҷрои рисолати пуршараф ва масъулиятнок пирӯзиҳои навинро таманно дошт. Аз ҷумла, таъкид намуд: “Аз файзи истиқлоли давлатӣ дар мамлакати азизи мо таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф афзуда, ба масъалаи ғамхорӣ ва дастгирии омӯзгорон диққати махсус зоҳир мешавад. Ҳадаф аз ин тадбир арҷгузорӣ ба хидматҳои арзишманд ва мондагори омӯзгорон, ки қувваи пешбар ва иқтидори воқеии рушди миллат ҳастанд, маҳсуб меёбад”.

Ҳамчунин Раиси вилоят иброз дошт, ки барои ба воя расонидани насли донишманд, забондон ва дорои ҷаҳонбиниву фаҳмиши васеъ бояд, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, навовару эҷодкор ва ба касби худ содиқ таъмин карда шаванд. Ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рӯйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузорад.

Бо эълон намудани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ҳадаф аст, ки истифодаи технологияҳои муосир дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода шуда, тафаккури техникии аҳолӣ ва дар навбати аввал, ҷавонону наврасон тавсеа бахшида шавад ва барои пешрафти илмҳои бунёдӣ, риёзиву табиӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам гардад.

Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Имомзода Муҳаммадюсуф аҳли нишастро бо Рӯзи омӯзгорон шодбош гуфта, доир ба таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат нисбати рушди соҳаи маориф ва илми мамлакат, густаришу устуворгардии истиқлол, сулҳу осоиштагӣ, тақвияти ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ ва ҳавасмандии моддиву маънавии омӯзгорон ҳарф зад.

Аз ҷумла зикр дошт, ки “Мо ифтихорманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи омӯзгориро «муқаддастарин касби рӯи олам» медонанд ва рушду шукуфоии имрӯзу фардои кишварро аз фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон арзёбӣ мекунанд”.

Аз тарафи роҳбарият 110 нафар омўзгори муваффақ, олимон, хизматчиёни давлатӣ ва кормандоне, ки дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар нақши назаррас гузоштаанд, бахшида ба Рўзи омўзгорон нишонҳои Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи фарҳангӣ пешкаши омӯзгорон гардида, чорабинӣ бо руҳияи идонаву болидаи аҳли иштирокдорон ҳусни анҷом пазируфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи омӯзгорон дар вилояти Суғд