Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Дар Истаравшан дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" конфронс баргузор шуд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Истаравшан бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" баргузор гардид.

Дар кори конфронс раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фирӯза Мӯъминова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳотамзода Аскар, номзадони илм, олимони ҷавон, шоирону нависандагон, раисони ҳизбҳои сиёсӣ, вакилони вилоятӣ ва шаҳрӣ аз ҳисоби занон, намояндагони васоити  ахбори омма, собиқадорони ҷангу меҳнат ва  фаъолазанҳо ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар мавзӯи " Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" маърӯза намуда, зикр дошт, ки Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, 30 сол муқаддам ҳамчун муҳимтарин воқеаи таърихӣ дар сарнавишти миллат арзи ҳастӣ кард. Ин руйдоди муҳим дар хонадони мардуми тоҷик ва кулли Тоҷикистониён нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва ҳамфикрию ҳамзистиро пойдор намуд. Мутаассифона, солҳои аввали истиқлолият, кишвари мо зери таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузург гардида, дар он вақт пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Дар ин раванд, хатари аз байн рафтани миллат пайдо гардида, озодӣ ва амнияти шаҳрвандон зери хавф қарор дошт. Ҳамзамон, фаъолияти мақомотҳо ва ниҳодҳои давлатӣ заиф гардида, беҳбудии ҷиддиро талаб менамуданд.

Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ баромад намуда, баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ 6-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наверо рӯи қоғаз оварда, сарнавишти имрӯзу фардои ватанро муайян намуд. Вакилони мардумӣ бо азму иродаи қавӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд ва он кас тавонистанд, ки бо кӯшишу ғайрати шабонарузӣ вазъияти ҷумхуриро ба эътидол оварда, пеши ҷанги шаҳрвандиро гиранд ва кишвари мо ба ҳаёти осоишта қадам гузорад. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ, ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид». Аз лаҳзаҳои аввали пойдор гардидани истиқлолияти давлатӣ дар тамоми сохторҳои ҳокимият асосҳои низоми конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, фаъолияти бонизоми мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таъмин карда шуд.-афзуд раиси шаҳри Истаравшан.

Сипас, тибқи барномаи конфронси илмӣ-назариявӣ профессор Гулҷаҳон Бобосодиқова дар мавзӯи " Нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" баромад намуда,  30 адад китобҳои тозанашри хешро ба китобхонаи шаҳрӣ ҳамчун тӯҳфа тақдим кард. Дар идома номзади илмҳои техникӣ, олими ҷавон, ихтироъкор Воҳидов Аҳрорҷон дар мавзӯи " Истиқлолият рамзи шарафу Озодӣ ва хушиқболии ҷавонон", номзади илмҳои тиб Раҳимов Аскарҷон дар мавзӯи "Дастовардҳои илми тиб дар даврони Истиқлолият" ва номзади илмҳои иқтисодӣ, профессори Колеҷи ҳунарҳои мардумӣ Ҳасанов Муним дар мавзӯи "Иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ", бо слайдҳо дар сатҳи баланди хештаншиносию ватандӯстӣ баромад намуданд.

Дар маърӯзаҳо қайд гардид, ки мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан дар ободонию пешрафти кишвари азизамон бо масъулияти баланд ҳисса гузошта, кӯшиш менамоянд, ки минбаъд низ дар корҳои созандагӣ ва гулгулшукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Пас аз маърӯзаҳо шоираи ширинкалом Раънои Сафарзод, раиси бахши Истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Раънои Зоирдухт ва фаъолазан Мухторова Матлуба оид ба "Нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" ба музокира баромада, дар ҷамъбаст шоира Раънои Сафарзод ва Раънои Зоирдухт, китобҳои тозанашри хешро ба китобхонаи шаҳрӣ эҳдо намуданд.

Конфронси илмӣ - назариявӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳар як баромадкунанда бо эҳсоси баланди ватандорию меҳанпарастӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат дар пешрафти кишвар ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ маърӯза намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Истаравшан дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" конфронс баргузор шуд