Хабарҳо
Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 31.07.2021 18:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд - 30.07.2021 10:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01

Санҷиши омодабошии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарони эҳтиётӣ дар Бӯстон

( 0 Овоз )

22 июл дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо даъвати комиссариати ҳарбии шаҳри Бӯстон хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони шаҳри Бӯстон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва афсарони эҳтиётӣ ба варзишгоҳи марказии шаҳр бо мақсади иштирок дар санҷиши омодабошии ҷангӣ ташриф оварданд.

Санҷиши омодабошии ҷангӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода нахуст аз таҳкими сулҳу субот, осоиштагиву ваҳдати миллӣ, истиқлолу озодӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ҳифзи якпорчагиву марзу буми кишвар ибрози назар намуда, барои нишон додани ҷасорату мардонагӣ ва иштироки дастаҷамъона дар машқҳои ҳарбӣ-омодабошӣ ба собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, афсарони эҳтиётӣ ва ҷавонони далеру шуҷои шаҳр изҳори сипосмандии хешро баён намуд. Роҳбари шаҳр аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва марзу буми кишварро аз чанги душман ҳифз намоянд.

Баъдан сокинони шаҳр, афсарони эҳтиётӣ Орифшо Насриддиншоев, ҷавонони ҷасуру далер Ҳаётқул Раҳимов ва Алишер Ғоибов омодагии хешро ҷиҳати ҳимояи марзу буми кишвар ва сарҳади давлатӣ баён намуданд.

Сипас, аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ҳайати шахсии қисми низомии 08362 баталёни алоҳидаи десантии ҳамлаовари куҳии дастаи ёздаҳуми тирандози савораи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарони эҳтиётӣ, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонони ҷасур гузашти низомӣ сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Санҷиши омодабошии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарони эҳтиётӣ дар Бӯстон