Хабарҳо
Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 31.07.2021 18:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд - 30.07.2021 10:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01

Ашт. Иштироки беш аз 1500 нафар дар санҷиши омодагии ҷангӣ

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт бо иштироки аъзои ситоди ноҳияи мудофиаи ҳудудии №7 ва зиёда аз 1550 нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта тамрин бо қувва ва воситаҳои ноҳияи мудофиаи ҳудудӣ доир шуд.

Раиси ноҳия, сардори ноҳияи мудофиаи ҳудудии №7 Мирдадо Зариф зимни суханронӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани донишу малакаи ҷангии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомӣ дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои ноҳияи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмониро дар бар мегирад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ашт. Иштироки беш аз 1500 нафар дар санҷиши омодагии ҷангӣ