Хабарҳо
Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 31.07.2021 18:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд - 30.07.2021 10:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01

Дар Исфара мумфаршкунии 1,2 км роҳи марказии шаҳраки Сомониён оғоз ёфт

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Исфара бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти густариши корҳои ободониву созандагӣ таҳти роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории ҷомеаҳои меҳнативу соҳибкорон ва сокинон таъмиру тармими роҳҳо идома дорад.

Ахиран бо иқдоми сокинони шаҳраки Сомониён, дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва  мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъмиру азнавсозии 1,2 км роҳи марказии шаҳрак шурӯъ гардид.

Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар суҳбат бо мардум аз сиёсати созанда ва барои ободии диёр нигаронидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва корҳои то ин дам анҷомдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамҷоягӣ бо соҳибкорону сокинони диёр ёдовар гашт.

Ӯ ҳамзамон иброз намуд, ки дар қатори бунёди муассисаҳои таълимиву табобатӣ, хизматрасониву солимгардонӣ ва ба ин васила муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ бунёди роҳҳо ва таъмиру тармими онҳо мудом зери назари мақомоти иҷроия қарор дорад.

Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилии шаҳр бо сафарбарнамоии техникаву таҷҳизот ва кормандон баҳри сифатан иҷро намудани корҳо мусоидат намуда, ният доранд   мумфаршкунии роҳи  мазкурро рӯзҳои наздик ба анҷом расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Исфара мумфаршкунии 1,2 км роҳи марказии шаҳраки Сомониён оғоз ёфт