Хабарҳо
Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 31.07.2021 18:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд - 30.07.2021 10:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 2,2 миллиард сомонӣ баробар шуд

( 0 Овоз )

Дар нимсолаи якуми соли 2021 дар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 2 миллиарду 245  миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Дар ин бора раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои шаҳрдори Гулистон дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 34,3 фоизро ташкил дод.

Дар ин давра ҳамзамон ду корхонаи нави санотӣ таъсис ёфта, ба корхонаҳои саноатии шаҳр 36,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳамзамон аз минтақаи сайёҳӣ будани шаҳри соҳили Баҳри тоҷик ёдовар шуда, иттилоъ дод, ки дар осоишгоҳҳои ҳудуди шаҳр дар давоми шаш моҳ 13 ҳазор нафар истироҳат намудаанд, ки 379 нафари онҳо меҳмонони хориҷӣ мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 2,2 миллиард сомонӣ баробар шуд