Хабарҳо
Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 31.07.2021 18:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд - 30.07.2021 10:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1376 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси фаъолон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.

Фирдавс Абдуллозода, муовини раиси ноҳия зимни баромад оид ба натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2021 афзуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумати ҷумҳурӣ  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия қарор дошта, сарпарастию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои рӯзафзуни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода моро водор менамояд, ки мардуми шарафманди ноҳия ҳамарӯза бештару хубтар меҳнат намуда, барои зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 102,9 фоиз иҷро гардид. Буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра 104,9 фоиз иҷро гардид. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,9 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 104,2 млн. сомонӣ 104,1 њазор сомонӣ хароҷот гардидааст, ки ин аз нақша 113,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни бузург бо назардошти тағйиру иловаҳо амалишавии 1437 нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, давоми солҳои 2018-2020 ва 6 моҳи соли 2021  1376 банди онҳо амалӣ гардиданд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 450,0 млн. сомонӣ маблағҳо равона гардидаанд. Аз 1376 иншооти ба истифода дода шуда, 24 банд ба соҳаи маориф, 61 банд ба соҳаи тандурустӣ, 55 банд ба соҳаи варзиш, 31 банд ба бунёди сартарошхона, 19 банд ба кошонаи ҳусн, 212 банд ба марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 52 банд ба корхонаҳои истеҳсолӣ ва сехи дўзандагӣ, 66 банд ба кашидани хати оби нўшокц, 124 банд ба таъмиру мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ, 4 банд ба сохтмони ҳаммом, 20 банд ба фермаи парвариши чорво ва парранда, 19 банд ба кашидани хати барқ, 188 банд ба чароғонкунии кўчаҳо ва шинонидани трансформатор, 7 банд ба гулгашт ва 494 банд ба иншоотҳои гуногун рост меояд, ки он 95% нақшаи чорабиниро ташкил медиҳад.

Дар идома раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода ба дигар масоили мубрами сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ дахл намуда, масъулини соҳаҳоро ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф намуд. Махсусан ҷиҳати коҳиш додани бемориҳои сироятӣ аз ҷумла интиқол ва паҳншавии коронавируси COVID-19 кормандони соҳаи тандурустӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва аҳли фаъолонро вазифадор кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1376 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд