Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Навиди Суғд


Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид

( 0 Овоз )

Дар  саҳни  Кохи "Суғдиён"- и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ва аҳли зиё Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда шуд.

Таъкид шуд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандӯстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехурад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад.

Бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгӯи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сӯи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Ашъори безаволи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам аст, дар маҷмӯъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рӯдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рӯдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ӯ зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист.

Рӯдакӣ суханварест, ки ҳанӯз дар замони зиндагиаш ҳамчун саромад ва устоди бузурги адибон эътироф шудааст.   Унвонҳо ва лақабҳои ифтихории қофиласолори назм, соҳибқирони шоирӣ, маликушшуаро ва одамушшуаро ба ин далеланд, ки саромади адабиёти мо на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми фарсизабонони олам ва шуарои мамолики дигар чун устод пазируфта шудааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ «Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист»гуфтааст.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2002 қарор қабул намуд, ки тибқи он ҳар сол 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» чун чашни умумимиллии адабию фарҳангӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ рамзи пайванди таърихии фарҳангу маънавиёти наслҳои гузаштаву имрӯзаи тоҷикон ва ифтихори бепоён аз тамаддун дониста мешавад.

Барномаи консертии аҳли фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид

( 0 Овоз )

22 - уми сентябри соли равон иттифоқан дар Рӯзи Рӯдакӣ корвони китоби "Тоҷикон" - и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки шиносномаву қомуси миллат ба шумор меравад, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид гардид.

Дар толори Гимназияи рақами1 - и шаҳраки Ғафуров аввалин нусхаҳои туҳфаи Пешвои миллат - китоби "Тоҷикон"- ро Рукмина Сафарзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, раисони ҷамоату шаҳрак ва собиқадорони барӯманди соҳаҳои мухталифи ҷомеа тақдим дошт.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода зимни суханронӣ аз қадру манзалат ва арзиши маънавии шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ёдоварӣ намуда, ба иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бо ин тадбири судманд, яъне ба ҳар оила туҳфа намудани китоби "Тоҷикон" ки баҳри афзун намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ифтихори ватандорӣ, тарбияи олии ҷавонон ба Ватану ватандорӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи илму дониш, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу маънавӣ, побарҷову қавӣ нигоҳ доштани озодиву истиқлоли давлатӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ мусоидат менамояд, изҳори сипосмандам худ ва мардуми шарафманди ноҳияро расонид.

Гуфта шуд, ки шоҳасари "Тоҷикон", ки ноҳияи калонтарини мамлакат ба ифтихори зода ва дастпарвари ин диёр  муаллифи китоб,  алломаи машриқзамин, академик Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шудааст,  ганҷинаи нодири миллати тоҷик буда, бо гузашти солҳо арзиши бебаҳои худро боз ҳам афзун намуда истодааст. Итминон дорем, ки ин шиносномаи миллат умри ҷовидонӣ хоҳад дошт. Зеро, дар он таърихи натанҳо халқи тоҷики тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардида, бо ин васила таърихи  миллати тоҷики тоҷдор бошукуҳ муаррифӣ гардидааст.

Зафарбек Давлатзода, ба гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ба қайд гирифтан ва ба ҳар оилаи ноҳия расонидани 63 940 нусха китоби "Тоҷикон" - и аллома, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров - туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дод

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон

( 0 Овоз )

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар назди нимпайкараи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ-поягузори адабиёти классикии тоҷику форс” баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони бахши фарҳанги шаҳр ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Дар ибтидо Илҳом Мадализода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон табрикоти Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ манзури ҳозирин намуд. Қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки бо кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ эҳтирому сипосмандии воҷиб гузорем ва номашонро зинда нигоҳ дорем. Хушбахтона, дар садри онҳо устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қарор дорад. 

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид, ки дар рӯзи 22-юми сентябр дар саросари кишвар ҳамасола чун Рӯзи Рӯдакӣ, ҳамчун ҷашни фархундаи назми кӯҳан, мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи мо, чун рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ таҷлил ва арҷгузорӣ мегардад.

Устод Рӯдаки на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Маҳз бо шарофат ва ба воситаи осори гаронмояи устод Рӯдакӣ асри нуҳ – “асри тиллоӣ”-и адабиёти мо ба ҳисоб рафта, бо мусоидати амирону вазирони хирадманди Сомонӣ устод Рӯдакӣ шуҳраи офоқ гардид. Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ ҷаҳониёнро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат, донишандӯзӣ, рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат менамояд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихормандӣ дар бобати хидмати беғаразона, ватанпарастона ва ҷоннисоронаи устод Рудакӣ чунин фармудаанд: «Модари тоҷик устод Рӯдакӣ, султони сухани мулки Аҷамро ба дунё овард ва шеъри оламгири ӯро бо забони ширину гуворо ва нармиву покии тоҷикона ба гӯши наслҳои нав ба нав мехонд ва аз боду борон ва газанди рӯзгорон ҳифз менамуд ва барои наслҳои оянда, аз ҷумла барои мову шумо, чун мероси падар ба ворисон ба ёдгор гузоштааст».

Сипас, Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр доир ба рӯзгор ва осори сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ суханронӣ намуд.

Баъдан, хонандагони фаъоли китобхона ва таълимгирандагони гимназияи №1 аз ашъори қофиласолори назми классикии тоҷику форс устод Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Дар қисми фараҳангии чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр аз ашъори Одамушшуаро Рӯдакӣ таронаҳо суруда, табъи иштирокдоронро хушҳол гардониданд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода китоби «30 баҳори Истиқлол» тавассути нашриёти «Хуросон» интишор шуд.

Китоби мазкур нақши беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар рушду тавсеаи давлату давлатдории навини тоҷикон, ҷанбаъҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ва кӯшишҳои роҳбарияти ин минтақаи ободи Ватан дар роҳи баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқро инъикос кардааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар китоби тозанашр дар бобати «Ситоиш кард бояд даври Истиқлолро», «Оғози давлатсозӣ ва давлатдории навин», «Аввалин музаффариятҳо ва дастовардҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ», «Музаффариятҳо халқу миллатро ба сӯи ояндаи дурахшон мебарад» ва «Навгониҳои даврони Истиқлол ва комёбиҳои беназир» маводи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву адабии Раҷаббой Аҳмадзода, Анвар Яъқубӣ, Мақсудҷон Умаров, Озифхон Шарифзода, Фирдавс Шарифзода, Атахон Сайфуллоев, Ваҳҳоб Набиев, Усмонҷон Ғаффоров, Ҷамшед Ҷӯразода, Аҳмадҷони Раҳматзод, Зуфар Исмоилзода, Абдуҳаким Шарифов, Аминҷон Шарифзода, Озарахш, Тавҳида Ҷӯраева, Сурайё Ҳакимова ва дигарон чоп шудааст. Китоб бо теъдоди ҳазор нусха нашр шудааст.

Китоби «Сӣ баҳори Истиқлол» барои беҳтар намудани фазои маънавии ҷавонону наврасон тӯҳфаи арзишманде хоҳад буд, зеро дар саҳифаҳои он таърихи расидан ба Истиқлоли миллӣ ва марҳалаҳои ба даст овардани сулҳу ваҳдати тоҷикон инъикос ёфтааст.

Хонандагон дарк менамоянд, ки Тоҷикистон барои ба даст овардани Истиқлоли миллӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯ омада, то 30 – солагии он ба чӣ дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид. Китоб ба тарбияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хештаншиносии ҷавонон ва наврасон мусоидат мекунад.


Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан

( 0 Овоз )

Дар муассисаи таълимии №8- и ба номи Талъат Мирусмонови деҳаи Лакат бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори барҳавои варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни ифтитоҳи толори варзишӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ карда, ба истифода дода шудани толори варзиширо баҳри пешрафт ва ташаккули тарзи ҳаёти солими хонандагон басо зарурӣ арзёбӣ намуд.

Толори варзишӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи падарону модарони хонандагони муассисаи мазкур ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, масоҳати он 288 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар муассисаи таълимии №8 ба номи Талъат Мирусмонов 1500 нафар хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки бо бунёд гардидани толори барҳавои варзишӣ имкон пайдо намуданд, фориғ аз дарсу таҳсилот ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Дар маросими ифтитоҳ аз ҷониби роҳбарият як гурӯҳ омӯзгорон барои тарбияи дурусти насли ҷавон ва фаъолон  баҳри ҳиссагузорӣ дар шукуфоӣ ва пешрафти ватан бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон роҳбарият ва меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи хонандагон, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карда, ба ҳунару эъҷози онҳо баҳои баланд доданд ва барои ташкили чунин намоиш изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд