Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21
Дар Истаравшан теъдоди стипендияҳои раиси шаҳрро зиёд карданд - 20.01.2022 17:04
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ НАВ - 20.01.2022 17:02
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз як миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид гардид - 18.01.2022 14:17
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15

Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои баландошёнаи иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик”​

( 0 Овоз )

13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен рафти сохтмони бинои иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Бинои иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бунёд шуда истодааст. Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, айни ҳол корҳои пардозии дохили бино ҷараён дорад.

Иншооти мазкур дорои панҷ ошёнаи асосӣ буда, дар ошёнаи якум ​ ташхисгоҳ ва табобатгоҳ ва дар ошёнаҳои ду, се ва чорум​ 50 кати хоб ташкил карда мешавад. Дар ошёнаи панҷуми бинои иловагӣ ошхона бо 100 ҷой ташкил хоҳад шуд.

Пас аз ба истифода супоридани иншооти мазкур 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои баландошёнаи иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик”​