Бахши ташхис ва табобати рентген-эндоваскулярӣ ба фаъолият шуръ намуд

( 0 Овоз )

Дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд бахши ташхис ва табобати рентген-эндоваскулярӣ ба фаъолият шуръ намуд, ки дар маросими кушодашавии он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулини соҳаи тандурустии вилоят иштирок доштанд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо табибони бемористон аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола даҳҳо иншооти соҳаи тиб, ҷавобгӯ ба талаботи замон аст, бунёду мавриди истифода қарор дода мешавад. Аз ҷумла, бинои табобатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд низ бо дастгириҳои Сарвари давлат бо беҳтарин шароит дар хизмати мардум қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти ангиографӣ, ки тавассути он ташхис ва муолиҷаи бемориҳои қалб ва рагҳои хунгузар ба роҳ монда мешавад, истеҳсоли Ҷопон буда, барои кор дар ин бахш мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб таҷҳизоти муосири тиббӣ барои ташхиси рагҳои хунгарди дилу майнаи сар, гурда ва шараёнҳои канорӣ истифода гардида, имкон медиҳад, ки беморон бо харҷи камтар табобат карда шаванд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд