Хабарҳо
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд - 30.11.2021 16:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд - 30.11.2021 16:40
Ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак доир гардид - 30.11.2021 16:34
Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус аз Суғд боздид мекунад - 30.11.2021 14:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро ба ҳузур пазируфтанд - 30.11.2021 10:59
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58

Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорон аз кишвари Красноярски Федератсияи Россия

( 0 Овоз )

24 ноябр дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорон аз кишвари Красноярски Федератсияи Россия, ки бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Рафаел Шагиев ба вилоят омаданд, мулоқот намуд.

Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ кард. Таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин равобити миёни минтақаҳои ҳарду кишвар дар ҳоли рушд буда, вилояти Суғд дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо як қатор минтақаҳои Россия, аз ҷумла аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон ҳамкориҳои пурсамар дорад.

Ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва имконияту зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо маълумот дода шуд. Қайд карда шуд, ки дар вилояти Суғд наздик 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад. Дар соҳаи кишоварзӣ низ имкониятҳо барои тавсеаи ҳамкориҳо фаровон буда, ҳар ду тараф метавонанд бо ташкили корхонаҳои муштарак коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба роҳ монанд.

Гуфта шуд, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Россия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳар ду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерва, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд. Вилояти Суғд бошад барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.

Рафаел Шагиев аз истиқболи самимӣ изҳори сипос карда, иброз дошт, ки дар ин сафар ӯро гуруҳи соҳибкорон ҳамроҳӣ доранд. Соҳибкорони рус давоми чанд рӯз аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд боздид карда, барои густариши робитаҳо аз имкониятҳо истифода хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки пас аз мулоқот дар меҳмонхонаи «Суғдиён» мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва кишвари Красноярск оғоз ёфт. Тоҷирон доир ба имкониятҳои мавҷуда ва роҳҳои рушди ҳамкориҳо миёни ҳам гуфтугӯ хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи соҳибкорон аз кишвари Красноярски Федератсияи Россия