Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Хуҷанд: Чойхонаи “Сари баландӣ” бо маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид

( 0 Овоз )

Дар доираи таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд чойхонаи “Сари баландӣ” бо маркази хизматрасонӣ бо иштироки Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони маҳалла ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мавзеъи нообод маҳаллаи Сари баландӣ барои сокинони маҳалла як Маркази нави хизматрасонӣ, иборат аз чойхона, дорухона, нонвойхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд шуд, ки дар арафаи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид таъкид дошт, ки эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ гардида, бахшида ин иди муқадаси миллӣ беш аз 26 000 иншооти таъиноташ гуногун ба истифода дода шуданд. Бунёди чунин марказҳои истироҳату фароғат, бахусус чойхонаҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Хуҷанд: Чойхонаи “Сари баландӣ” бо маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид