Хабарҳо
Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 31.07.2021 18:01
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд - 30.07.2021 10:11
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 28.07.2021 08:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ фермаи чорвопарвариро ба истифода доданд - 28.07.2021 09:11
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ карда, бо сокинон мулоқот намуданд - 28.07.2021 09:12
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуданд - 28.07.2021 12:41
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокиро дар ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор доданд - 29.07.2021 05:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд - 29.07.2021 06:12
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро ифтитоҳ намуданд - 29.07.2021 06:51
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд - 29.07.2021 07:01

Изҳори тасаллият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

( 0 Овоз )

Мардуми вилояти Суғд хабари реҳлати нобаҳангоми Раҳмонова Қурбонбӣ - хоҳари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳузну андӯҳи гарон дарёфтанд ва ғамшарики аҳли хонаводаи модари марҳум ҳастанд.

Сад дареғ, ки марги беамон шахсеро ба олами улвӣ пайваст, ки бо хислатҳои ҳамида, кирдорҳои наҷиб, амалҳои неку солеҳ, покизарафторӣ, раҳнамоӣ ва адабпарварӣ дар дили мардум маскан доштан. Намунаи ибрат буданд. Аз ҳама муҳимтар, модаре буданд фариштахислат, меҳрпарвар, мураббӣ ва тарбиятгар. Фарзандону шогирдони соҳибкамол, донишманду ватанпарвар ва меҳнатқаринро ба воя расониданд, саҳми амиқ дар рушди ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гузоштанд.

Ҳамагон, хосатан аҳли пайвандону наздикон ва шогирдон ин модари мушфиқро чун намоди иффату покӣ, муҳаббату садоқат ва инсони комили ватандӯст дар ёд хоҳанд дошт.

Даргузашти ин инсони соҳибдил барои пайвандону азизон, дӯстону ҳамдиёрон мусибатест басо вазнин ва ҳасратбор.

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин лаҳзаҳои мусибатангез ва басо риққатбор ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандони модари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил ва матонати рӯҳӣ хоҳонем.

Парвардигор марҳумаи олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшонро ҷаннат гардонад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Изҳори тасаллият ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон